Пайвандҳои дастрасӣ

Шикоят аз бетафовутӣ ба сарнавишти афроди ғайбзада


Масъули дифоъ аз ҳуқуқи башари Чеченистон Нурдӣ Нухажев бо ирсоли як нома унвонии Додситони кулии Русия Юрий Чайка хостори дахолати ӯ ба вазъи ҷустуҷӯи афроди дар Чеченистон ғайбзада шуд. Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, Нухажев дар номаи худ аз бетафовутии мақомоти тафтишотии Чеченистон ба сарнавишти беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони рабудашуда ваё бе ному нишон ғайбзада шикоят кардааст. Ӯ ҳамчунин хостааст, ки раҳбари раёсати Кумитаи тафтишотии Додситонӣ дар Қафқози шимолӣ Сергей Шершавих аз мақомаш барканор карда шавад. Мақомоти Додситонии кулли Русия ва Сергей Шершавих ҳанӯз ба ин изҳороти масъули дифоъ аз ҳуқуқи башари Чеченистон вокунише накардаанд.
XS
SM
MD
LG