Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми созмондиҳандагони таркиши пурқурбонӣ


Дар Ироқ се нафар бо иттиҳоми ташкили таркиш ба эъдом аз тариқи овехтан ба дор маҳкум шуданд. Дар ин бора намояндаи Додгоҳи Олии Ироқ хабар дод. Бар асари ин таркиш дар масҷиди шиамазҳабҳо дар шаҳри Таза, воқеъ дар шимоли Ироқ, ки моҳи июн рух дода буд, 70 нафар ба ҳалокат расида буданд. Маводи таркандаро як маргталаб мунфаҷир карда буд. Созмондиҳандагони таркиш баъд аз чанд рӯз боздошт шуданд.
Додгоҳи Олии Ироқ изҳор намуд, ки маҳкумшудагон метавонанд даъвои бознигарии ҳукмро кунанд.
XS
SM
MD
LG