Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози афғон сӯи низомиёни Эътилоф оташ кушод


Дар вилояти Бодғиз, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон, сарбози афғон як низомии амрикоиро кушта, ду сарбози италиявиро маҷрӯҳ кард. Гуфта мешавад, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ амалиёти таъминоти нерӯҳоро доир мекарданд. Ба иттилоъи намояндаи НАТО, ҷароҳати сарбозони италиявӣ сангин нест ва аммо низомии амрикоӣ бар асари ҷароҳати бардошта аз олам даргузашт. Тафсилоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва паёмадҳои он алҳол зери даст нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG