Пайвандҳои дастрасӣ

Оятуллоҳ Табосӣ: "Раҳбарони мухолифин душманони Худоянд"


Имрӯз рӯҳонии маъруфи эронӣ Оятуллоҳ Аббос Войиз Табосӣ изҳор намуд, ки раҳбарони мухолифин – душманони Худоянд ва, тибқи шариати ислом, бояд ба марг маҳкум шаванд. Хабаргузории Форс имрӯз изҳороти Оятуллоҳ Табосӣ, намояндаи Оятуллоҳ Хоманеиро овардааст, ки гуфтааст "шариат муҷозоти муҳорибҳоро иҷоза медиҳад".
Дар ҳамин ҳол иттилоъ мерасад, ки Сайид Алӣ Мусавӣ, бародарзодаи раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ, қабл аз ҳалокаташ дар тазоҳуроти рӯзи якшанбе, мавриди таҳдидҳои пайваста қарор гирифта буд. Мӯҳсини Махмалбоф, таҳиягари шинохтаи эронӣ, ба телевизиони Би-Би-Си гуфтааст, ки мақомоти амниятии Эрон ба Сайид Алӣ Мусавӣ чандин бор таҳдиди куштан карда буданд. Зимнан, мақомоти полиси Теҳрон гуфтанд, ки Мусавӣ аз сӯи террористҳо кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG