Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширин Ибодӣ ҳабси хоҳарашро тайид кард


Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тайид кард, ки шаби душанбе кормандони вазорати иттилооти Эрон хоҳараш Нушинро дар манзили зисташ боздошт кардаанд. Ӯ афзуд, ки аз ин пеш кормандони ин вазорат аз хоҳараш талаб карда буданд, ки манзили зисташ дар ҳамсоягии Ширини Ибодиро иваз кунад. Ба гуфтаи Ширин Ибодӣ, хоҳараш ба сиёсат ягон пайванд надошт ва дар ягон намоиши эътирозии мухолифин, аз ҷумла, тазоҳуроти рӯзи Ошуро ширкат накардааст.
Ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, шаби гузашта хабарнигори шинохтаи эронӣ Мошоллоҳ Шамсулвоизин ва фаъоли ҳуқуқи башар Мансура Шуҷоъӣ низ боздошт шудаанд ва аммо иттиҳом алайҳи онҳо то ҳол маълум нест.
XS
SM
MD
LG