Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нашри ҷамъбастии Симои ҳафта на ба як шахсияти алоҳида, балки ба силсилаи рӯйдодҳо ва шахсиятҳое пардохтем, ки исми Тоҷикистонро дар ҷараёни соли 2009 дар сархатти ахбор қарор медоданд. Дар ин гузориш пайиҳам чеҳраҳое намудор мешаванд, ки дар маҷмӯъ метавон аз онҳо як чеҳраи куллии Тоҷикистонро дар овард ва ба намоиш гузошт.

Соле ки гузашт, барои Тоҷикистон соле мушкилу печида, вале пурумед, соле ҳамроҳ бо бурдҳову бохтҳо ва имконоти аздастрафта таъриф мешавад. Соле ки сустиҳои қадими Душанберо рӯшантар ва заъфҳову қувватҳои ҷадидашро бармало кард.

Он пиндоре, ки давлат аз дин ҷудост, умуман аз байн рафт...


Соле, ки бо манъи ҷараёни Салафия оғоз ёфт ва ин нуқтаи ғафси таммат дар баҳси чандинсолаи миёни рӯҳониёни қадиму ҷадид ва баъди ҳукми Додгоҳи олӣ ба даҳон об гирифтани салафиҳо имкон дод, ки соли 2009 дигар таҳти парчами Соли Имоми Аъзам ва бештар дар ҳавои шинохти шахсияти Абӯҳанифа, ки беш аз 90 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз мазҳаби ӯ пайравӣ мекунанд, пеш биравад.

СОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ


Албатта, дар ин сол қонуни нави дин ҳам тасвиб шуд, ки як қонуни хафақонӣ унвон мешавад, шумори бузурге аз пайравони “Ҷамоати таблиғ” ва мулло Сироҷидин бо ҷамъи низ зиёди тарафдоронаш дар масҷиди маҳаллаи Зарафшон, ки масҷиди салафиҳо таъриф мешуд, дастгир шуданд. Ин маворид рӯи ҳашамати Соли Имоми Аъзам, албатта, каме соя андохт, вале ба эътиқоди таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, ба сурати умум, Соли Имоми Аъзам фазои умумии сиёсиву мазҳабиро дар Тоҷикистон хеле солим кард: "Ҳамин ҷашни Имоми Аъзам давлат ва мардумро бо ҳам бисёр наздиктар кард. Он пиндоре, ки давлат аз дин ҷудост, умуман аз байн рафт. Аз тариқи расонаҳои ҳамагонӣ, радио ва телевизиони давлатӣ ба мардум мавҷи бузурги маърифати динӣ расонда шуд."

ДАСТОВАРДҲОИ ҶАҲОНӢ


Аввалин ҷарроҳии табдили гурда, ки табибони тоҷик имсол анҷом доданд, дар Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон – 9 сентябр бо як парчами бузурги миллии тӯлаш якуним километр аз кӯчаи марказии Душанбе гузаштани донишҷӯёни тоҷик, дар Манҳеттен Сентери Ню-Йорк ҷоизаи мусиқии Big Apple-ро бадастовардани се хонандаи тоҷик – Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод ва Баҳроми Ғафурӣ - албатта, рӯйдодҳоеянд, ки дар тасвири Тоҷикистони соли 2009 рангҳои мусбате ба ҷо гузоштанд.

РАСУЛ БОҚИЕВ


Расул Боқиев

Вале ба маҳзи бетаваҷҷӯҳии масъулини варзиш аз Тоҷикистон рафтани Расул Боқиев, ки соле пеш нахустин медали олимпиро барои Тоҷикистон овард, шояд аз умедҳои аздастрафтаи сол буд. Вале ин ҳарфи Расул шӯълаи умедеро дар қалбҳо фурӯзон нигоҳ медорад, ки шояд ӯ рӯзе дубора баргардад: "Ман фарзанди тоҷик ҳастам ва ҳадафи ман боз ҳам баландтар бардоштани обрӯи тоҷикон аст. Вақте ки аз номи Русия баромад мекунам, маро ҳамчун шаҳрванди Русия муаррифӣ мекунанд, вале маро, аслан, ҳамчун фарзанди тоҷик мешиносанд. Ягона мақсади ман ҳамчун варзишгар қаҳрамони ҷаҳон ва баъдан қаҳрамони олимпӣ шудан аст."

ТАВИЛДАРА


Соли 2009 соле буд, ки ҳадди ақал дар ду маврид мардумро дар Тоҷикистон дигарбора ба ёди нооромиҳои солҳои 1990 бурд. Ва пеш аз ҳама ба далели ташаннуҷи вазъ дар Тавилдара, ки аз авоили моҳи май то поёни моҳи июл фазои сиёсии кишварро дар ҳоли шиддат нигоҳ дошт ва бо қатли Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин ва 11 тани дигар поён ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон, ки амалиёти Тавилдараро батакрор бахше аз амалиёти саросарии “Кӯкнор” мехонданд, дар бораи боздошти 11 ҷангии хориҷӣ, бо шумули 8 узви Ҳаракати исломии Узбакистон хабар дода, дар поёни сол эълон карданд, ки гурӯҳи Зиёев қасди як табадуллоти давлатиро низ дар сар дошт. Аммо Мирзо Зиёев дар соли 2009 дуввумин узви собиқи ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ба таври мармуз кушта шуд.

СОБИҚ ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ


Вазири пешини умури дохила Муҳаммадназар Солиев, як узви дар гузашта пурнуфузи давлати Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи 17 июн, ба гуфтаи мақомот, зимни боздошт худкушӣ кард. Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон он замон гуфт, ки Солиев ба даст доштан дар як силсила ҷиноёт муттаҳам мешуд:

Эҳтимоли бурузи чунин нооромиҳо дар Тоҷикистонро Гурӯҳи байналмилалии мутолиаи бӯҳронҳо ҳанӯз дар моҳи феврал дар гузорише, ки маънидорона “Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи нокомӣ ё суқут” ном дошт, пешбинӣ карда буд. Вале Душанбе ин пешбиниро кам гирифт ва Сайфулло Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стротежии назди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто гуфт, ин худи Гурӯҳи бӯҳроншиносист, ки дар ҷойи холӣ бӯҳрон эҷод мекунад.

ИДОМАИ МУБОРИЗА БО ФАСОД


Аммо фасод. Исми Душанбе имсол низ дар ҷадвали созмони Транспаренсӣ Интернешнал дар радифи фасодзадатарин давлатҳои ҷаҳон

Фаттоҳ Саидов

омад. Ва ҳарчанд таҳлилгарон фасодро як таҳдиди умда барои ҳатто амнияти миллии кишвар ном мебаранд, Фаттоҳ Саидов, раиси дар соли 2009 таъйиншудаи Ожонсии давлатии мубориза бо фасод, дар ин мавриди назари хеле дигар дошт: "Баҳодиҳие, ки ҳоло ба ҷумҳурии мо мекунанд, аксар вақт объективона нест. Шумо фикр мекунед, ки коррупсия фақат дар мо ҳаст? Коррпусия дар мо кам аст."

БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ


Бо ин ҳол, соле ки гузашт, аз нигоҳи иқтисодӣ низ барои Тоҷикистон як соли пурчолише буд. Кам шудани маболиғе, ки муҳоҷирини тоҷик аз хориҷ ва умдатан аз Русия ба ватан мефиристоданд, ва коҳиши башиддати нархи пахтаву алюминий, ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон, ки ҳатто баҳси пурсарусадо ва давомдори ба ном “Афсонаҳои алюминӣ”-ро дар матбуот доман зад, дасти Душанберо имсол аз иҷрои хеле аз барномаҳои пуриддаояш кӯтоҳ кард.

Умеди давлат барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба тарҳи барои Тоҷикистон фавқулодда муҳими нирӯгоҳи Роғун низ имсол комилан замин шуд. Ҳама умед ба сафари давлатии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Русия буд, вале ин сафар саранҷом аз ангуштшумор сафарҳои давлатие дар таърихи дипломатияи байналмилалӣ шуд, ки бидуни имзои ҳатто як созишнома ба поён расид ва умедвориҳои Душанбе аз ин шарики стротежиаш дар мавриди Роғунро ба боди фано супурд.

УМЕДҲО БА РОҒУН

Таҳлилгарон мегӯянд, инки Душанбе натавонист ҳамкорони қадими хориҷиашро дар тарҳҳои муҳиме, чун нирӯгоҳи Роғун, ҳамчун дӯст ва шарик дар паҳлуи худ нигоҳ дорад, аз нигоҳи ҳунари дипломатӣ, аз бохтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта буд. Аммо аз сӯи дигар, чунин сурати ҳол Душанберо маҷбур кард, дар иҷрои тарҳҳои муҳими худ, аз ҷумла Роғун, такяи асосӣ ба нирӯи дохилӣ кунад ва дар иваз ба баъзе гузаштҳои ҳатто сиёсӣ дар дохил розӣ шавад.

Ба назари таҳлилгарон, озодии бештар ба матбуот ва ваъдаи баргузории интихоботи шаффофу одилона аз ҳамин умеди аз ёрии хориҷӣ кандашудаи Душанбе бармеояд.

ОЗОДИИ МАТБУОТ, ШАФФОФИИ ИНТИХОБОТ


Матбуоти маҳаллӣ бо давлат гӯё муомилае баст, ки бар асоси он, дар баҳсҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили обу энержӣ дар канори давлат истода, дар иваз ҳаққи интиқоди бештар аз мақомоти ҳатто баландпояи давлатиро ба даст овард. Қарори машҳури рақами 622, ки масъулини давлатро дар назди матбуот посухгӯ кард, низ забони расонаҳоро бараҳнатар кард. Аммо Адолати Мирзо, сардабири ҳафтавори “Миллат” мегӯяд, фикр намекунад, ки озодии матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон бар асоси муомила муяссар шуда бошад:
Адолат.

Вале боз ҳам дар моҳи октябри соли 2009 буд, ки нашрияи мустақили “Пайкон”-ро дар пайи нашри як матлаби интиқодомез дар бораи “Тоҷикстандарт” ба маблағи 300 000 сомонӣ, муодили беш аз 40 000 доллар ҷарима бастанд. Маблағе, ки ба гуфтаи хабарнигорони маҳаллӣ, пардохташ хориҷ аз имкони нафақат “Пайкон”, балки ҳама нашрияҳои чопи Душанбест.

Ба назари таҳлилгарон, муваффақияти тарҳи марбут ба ҷалби сармояи мардум ба нирӯгоҳи Роғун – ба пойбандии давлат ба ваъдаи худ дар мавриди озоду демократӣ барпо кардани интихоботи парлумонии моҳи феврал сахт бастагӣ дорад. Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, дар шароити кунунӣ давлати Тоҷикистон чораи дигаре ба ҷуз аз баргузории интихоботи ҳадди ақал демократитар надошт:

Аммо ба назари коршиносон, ҷавви ҳоким бар фазои Тоҷикистон дар соли ояндаро асосан бо кадом шева шакл ва сурат гирифтани фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ва интихоботи парлумонӣ таъйин хоҳанд кард. Ва аз дараҷаи муваффақияти ҳамин ду маърака хоҳем донист, ки Тоҷикистон барои ҳаракат дар соли 2010, балки барои чанд соли оянда кадом масиреро интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG