Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод эътирозҳоро кори қудратҳои хориҷӣ хонд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод эътирозҳои зиддидавлатии рӯзҳои ахир дар чанд шаҳри ин кишварро “намоиши нафратовар”-е номид, ки қудратҳои хориҷӣ ба саҳна гузоштаанд. Хабаргузории расмии ИРНО аз қавли Аҳмадинажод навишт, ки гуфтааст, эътирозҳои рӯзи якшанбе, ки 8 кушта ба ҷо гузошт, аз ҷониби Амрикову Исроил раҳбарӣ мешуд.
Кишварҳои Ғарб ҳар навъ даст доштани худ дар ин эътирозҳоро радд карда, Теҳронро ба далели истифодаи нирӯ алайҳи тазоҳургарон ба боди интиқод кашиданд.
Матбуоти давлатии Эрон имрӯз хабар дод, ки ҳазорон нафар аз тарафдорони давлат имрӯз дар саросари кишвар бо талаби муҷозоти раҳбарони мухолифин раҳпаймоӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG