Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯи барқ дар шаби Соли нав белимит хоҳад буд


Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки дар рӯзҳои таҷлили Соли нав, яъне 31 декабр ва 1 январ аҳолии кишварро бидуни маҳдудият бо нирӯи барқ таъмин кунанд. Раҳбари ширкати “Барқи Тоҷик” Санъат Раҳимов ба дунбол аз раҳбарони ҳама нирӯгоҳҳои фаъол дар Тоҷикистон хостааст, ба хотири таъмини нирӯи барқ тамоми захоирро ба кор баранд.
Мақомоти “Барқи Тоҷик” мегӯянд, сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак имсол назар ба соли гузашта 15 метр баландтар буда, имкон медиҳад, дар фасли сармо кишвар дар чаҳорчӯби маҳдудияте, ки қаблан таъйин шуда буд, бо нирӯи барқ таъмин шавад. Аммо ин маҳдудият, ба гуфтаи масъулини ширкат, дар шаби соли нав бардошта хоҳад шуд.
Тибқи маҳдудияти ҷоришуда, нирӯи барқ ба аҳолӣ, ба истиснои шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо, дар шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат дода мешавад.
XS
SM
MD
LG