Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарафшон" - дар Лигаи Олӣ


Тибқи қарори Федеросюни футболи Тоҷикистон тими футболи «Зарафшони»-и Панҷакент ба Лигаи Олии футболи кишвар роҳхат гирифтааст. Сӯҳроб Қосимов, раиси ФФТ, дар як номаи расмии хеш, ки ба ҳукумати шаҳри Панҷакент ирсол доштааст, гуфтааст, тими «Зарафшон» дар байни 10 дастаи Лигаи аввал хуб ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи чаҳорум шудааст. Аз ин рӯ, омадааст дар нома, ФФТ қарор додааст, то дастаи «Зарафшон» дар қатори 9 дастаи дигар дар соли 2010 дар Лигаи Олӣ номнавис шавад.

Ҷӯра Турсунов, сардори дастаи «Зарафшон», дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, орзуи деринаи дӯстдорони футбол дар водии Зарафшон имрӯз барои нахустин бор амалӣ шуд ва дар мавсими 2010 бозигарони панҷакентӣ дар Лигаи Олӣ иштирок хоҳанд кард. Ҷӯра Турсунов гуфт, даста дар оғози сабқати Лигаи аввал заиф бозӣ мекард ва шаш бозии нахустин хотирмон набуданд. Сипас, ба гуфтаи ҷаноби Турсунов, бо ёрии раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров, соҳибкор аз деҳаи Ӯрметани ноҳияи Айнӣ Ҳабибҷон Ҳабибов ва тоҷирони дигар ба даста чанд бозигари ботаҷриба ҷалб шудааст. Турсунов гуфт, ҷалби бозигарони нав бозии дастаро дигаргун кард ва дар марҳилаи дуввум бештар аз ҳама хол ба даст оварда шуд.

Раиси шаҳр Хусрав Абдуназаров ҳамчунин президенти даста мебошад ва даста бар иловаи соҳибкорон ҳамчунин аз бахшҳои панҷакентии ширкатҳои «Сомонком», «Телеком», Шабакаҳои барқ ва муассисоти дигар ёрии молӣ дидааст. Ҷаноби Турсунов мегӯяд, даста талош хоҳад кард, то бо ёрии масъулини ҳукумат, ширкатҳо ва тоҷирони ҳимматпеша шарафи водиро дар Лигаи Олӣ хуб ҳимоя кунад.

Мухлисони футбол низ мегӯянд, солҳо боз умедворанд, ки бозигарони Панҷакенти бостонӣ аз ҳунари худ дар сатҳи ҷумҳурӣ дарак хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, дар соли равон барои нахустин бор дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии Ҷӯра Турсунов, сардори дастаи «Зарафшон» ва Ҷамшед Баҳромов, мураббии футбол, мактаби хусусии футбол дарҳои худро боз кард. Дар ин мактаб феълан беш аз сад наврасу кӯдак нозукиҳои футболро меомӯзанд.
XS
SM
MD
LG