Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои насупурдани молиёт дигар ҳабс намекунанд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба қонуне имзо гузошт, ки ба ҳабс кашидани афродеро, ки бори аввал ба сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам мешаванд, манъ мекунад. Тибқи ин қонун, онҳое ҳам, ки муҷрим шинохта шуданд, дар дафъаи аввал дар сурати пардохт кардани қарзи давлат зиндонӣ нахоҳанд шуд.
Қонуни мазкур бахше аз ислоҳоти фарогири низоми зиндонҳои Русия аст, ки Медведев аз он пуштибонӣ мекунад. Он дар ҳоле ба ҳукми иҷро медарояд, ки вакили мудофеъ Сергей Магнитский, ки низ ба напардохтани молиёт муттаҳам мешуд, моҳи гузашта дар боздошт ҳалок шуд.
XS
SM
MD
LG