Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули боздошти генерал Младич истеъфо дод


Масъули боздошти ҷинояткорони ҷанг дар Сербистон ба далели нокомии гурӯҳаш дар амри боздошт ва ба додгоҳи байналмилалии Ҳейг супурдани фармондеҳи пешини нирӯҳои серби Буснӣ генерал Радко Младич истеъфо дод.
Расим Лялич дар шарҳи ин тасмим гуфт, ӯ қаблан қасам хӯрда буд, ки агар то поёни сол Младичро боздошт накунад, аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод.
Додгоҳи Ҳейг Младичро ба як силсила ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла наслкушӣ дар солҳои ҷанги Буснӣ ва қатли оми мусалмонони сокини Сребренитса дар соли 1995 айбдор мекунад. Таъқиби ҷинояткорони ҷанг як шарти аслии ба узвияти ИА пазируфтани Сербистон мебошад.
XS
SM
MD
LG