Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор дурӯғ мегӯяд?


Ҳукумати маҳаллии шаҳри Кӯлоб бо баргузории як ҳамоиш аз рӯзноманигорон даъват намуд, то дар баррасии масоили шаҳрдорӣ саҳми воқеъбинона гузоранд.

Дар ин ҳамоиш, ки маҳз барои рӯзноманигорон баргузор шуда буд, Зулайхо Комилова, муовини раиси шаҳр оид ба маънавиёт, аз журналистон хоҳиш кард, то аз интишори бархе матолиби дур аз воқеият дар матбуоти кишвар парҳез кунанд. Ҳарчанд, хонум Комилова аз номгӯи чунин матолиб ном набурд, вале афзуд, ҳукумати шаҳри Кӯлоб интиқоди воқеиро, ки барои пешрафти кор нигаронда шудааст, қабул дорад.

Аммо Ғайбулло Сафарзода, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар матуботи кишвар давоми соли ҷорӣ беш аз 50 мақолаи интиқодӣ интишор намудааст, вале посухи мансабдорон ба навиштаҳои таҳлилии ӯ ҳамеша як будааст, яъне рӯзноманигор дурӯғ мегӯяд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло Билоли Шамс, як рӯзноманигори дигар мегӯяд, то ҳанӯз дар матбуоти кишвар надидааст, ки масъуле аз ислоҳи камбуди ё хатои худ ҳарф зада бошад. Баръакс, дар аксари вокунишҳо масъулин масъулияти худро бо дуруғгӯ нишон додани журналист анҷом шуда меҳисобанд ва пас аз ин ҳеҷ як мақоми дигар низ таҳқиқ намекунад, ки дар ин маврид кӣ ҳақ аст.

Додарбек Саидалиев, коршинос маҳаллӣ, ки иштирокчии ин нишаст буд гуфт, то ҳанӯз масъулин матолиби васоити ахбори оммаро, ки дар шаклгирии мафкураи мардум саҳмгузор аст, ҷиддӣ ба назар намегиранд.

Дар поёни ин нишаст масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз журналистон даъват карданд, то бо онҳо дар ҳамкорӣ бошанд.
Барои нахустин бор аст, ки берун аз чаҳорчубаи расмӣ масъулин бо журналистон вохӯрӣ мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG