Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хариди саҳмия: ихтиёрӣ ё маҷбурӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳизби ҳокими халқӣ - демократро, ки раёсати онро бар дӯш дорад, пуштибони равонии бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хонда, ин сохтмонро саҳнаи имтиҳони ифтихору нангу номуси миллати тоҷик унвон кардааст.

Қарор аст, фурӯши саҳмияҳо аз 6-уми январи соли 2010 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои фурӯши «Амонатбонк» оғоз шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар бештари корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ маъракаи маҷбурии ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва харидории саҳмияҳои он шурӯъ шудааст.

Дар ҳоле ки президент Раҳмон борҳо ба ихтиёрӣ будани хариди саҳмияҳо таъкид кардааст, боз ҳам масъулон ба зердастони худ ҳушдор додаанд, ки агар касе аз харидории саҳмияҳо худдорӣ кунад, аз кор озод хоҳанд шуд.

Шаҳло, омӯзгори мактаби миёна мегӯяд, вай як маоши моҳонаашро ба нерӯгоҳи «Роғун» бахшидааст. Саттор, як шаҳрванди дигар бошад, гуфт, бидуни хоҳиши ӯ аз маошаш 35 дарсад кам карданд ва нагуфтанд, ки барои чӣ? Шояд барои бунёди Роғун бошад, ҳадс мезанад ӯ. Аммо Шариф, сокини дигари шаҳри Душанбе бештар аз он нигарон аст, ки раҳбарияти корхона коргаронро ба харидории саҳмияҳо маҷбур мекунанд. Вай мегӯяд бо маошаш 275 сомонӣ имкони харидории саҳмияро надорад, зеро ягона ноновари хона аст.

Дар таъйиди сухани донишчӯён, як устоди донишгоҳ, ки нахост, номаш ифшо шавад гуфт, масъулони донишгоҳ амр кардаанд, ки бо оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳо ҳар як устод ба маблағи на камтар аз 1 500 сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» -ро харидорӣ кунад. Дар акси ҳол аз донишгоҳ хориҷ хоҳад шуд.

Ин нигаронӣ, ки ҷамъоварии маблағ барои Роғун билохира ба як амри маҷбурӣ табдил мешавад, бисёриҳоро аз оғоз нигарон карда буд. Дар як мулоқот бо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон аз ӯ пурсиданд, ки харидории саҳмияҳо маҷбурӣ аст ё хайр?

Ҷаноби Наҷмиддинов дар посухи ин суол гуфт, «ман аз пеши худ чизе намегӯям. Ман суханони президентро ба шумо мерасонам, ки дар суханрониаш дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ дар се ҳафтаи пеш, дар мулоқот бо аҳди илму фарҳанг дар ҳафтаи гузашта ва дар маҷлиси ҳукумат дар ду рӯзи қабл таъкид кард, ки харидории саҳмия маҷбурӣ нест ва ба ин роҳ набояд дод».

Мақомот мегӯянд, фурӯши саҳмия бо роҳи кам кардани маоши шаҳрвандон қатъиян манъ аст. Аммо таъкид мекунанд, ки набояд касе ба ин маъракаи сарнавиштсоз бетараф бошад, «ҳар яки мо бетараф набошем ва аввал худамон дар сафи пеш бошем. Дар баробари ин хешу табор ва ёру дӯстон, ҳамсоя дорем, бояд онҳоро ҷалб кунем. Ҳар қадар фаъол бошем, харидорон ва саҳмдорон низ бештар хоҳанд шуд.»

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро саҳнаи имтиҳони ифтихору нангу номуси миллат унвон кард ва дар ҷаласаи ахири Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раёсати онро бар дӯш дорад, ин ҳизбро пуштибони равонии бунёди нерӯгоҳи «Роғун» эълон кард.

Бо он ки ҳанӯз фурӯши саҳмияҳо шурӯъ нашудааст, вале баъзе масъулони корхонаҳо ва муассисаҳо сиёсати маҷбурии харидории саҳмияҳоро ба кор мебаранд. Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси тоҷик мегӯяд, табъан баъзе масъулони давлат мехоҳанд, то аз ин раванд ба нафъи худ истифода кунанд, «мутаассифона, ин доираҳо сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» -ро ба мисли дигар чорабиниҳо барои манфиати хеш истифода мекунанд.»

Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳафтаи оянда, яъне аз 6-уми январи соли 2010 оғоз хоҳад шуд. Ба ин мақсад ифтитоҳи 583 нуқтаи фурӯш дар назар аст. Харидории саҳмияҳо ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат хоҳад гирифт. Ба иттилои Вазорати молия, дар маҷмӯъ 5 миллион саҳмия бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5 000 сомонӣ ва гувоҳномаҳои саҳмияҳои номӣ дар дохили кишвар ба маблағи 6 миллиард сомонӣ нашр шудааст. Нархи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» низ ба ҳамин миқдор арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG