Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоиҳои зидди мухолифин дар Эрон


Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, ҳазорон нафар аз тарафдорони давлат имрӯз дар саросари кишвар бо талаби муҷозоти раҳбарони мухолифин раҳпаймоӣ кардаанд.
Ин намоишҳо дар ҳолест, ки Теҳрон кишварҳои Ғарбро дар таҳрики эътирозҳои зиддидавлатии ду рӯзи пеш дар пойтахти Эрон, ки 8 кушта ба ҷо гузошт, айбдор кард. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт: "Дақиқан, таҳаррукот, иқдомот ва изҳороте, ки мақомоти кишварҳои мухталиф дар робита ба миллати мо анҷом медиҳанд, инҳо бо диққат ва ҳассосияти комил баррасӣ хоҳад шуд."
Тайи ду рӯзи охир давлати Эрон таъқиби шахсиятҳои шинохтаи мухолифинро вусъат дода, дастикам 18 нафар, бо шумули мушовирони аршад ва домоди раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Нӯшин Ибодӣ, хоҳари ҷавони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодиро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG