Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин кишваре, ки дар пайи дар маърази иҷро қарор гирифтани Паймони Лиссабон ба курсии раёсати давраии ИА нишаст, Испания аст. Маҳз Испания дар нимаи аввали сол силсилаи гомҳои бесобиқа, аммо муҳиммеро ҷиҳати ислоҳи низоми кори ИА мебардорад.

Давраи раёсати Испания ба замоне дуруст меояд, ки нахустин президент мунтахаб ва вазири умури хориҷии низ мунтахаби ИА низ ба иҷрои вазоиф шурӯъ мекунанд ва онҳо нахустин шуда, маззаи ҳамкории наздик бо кишварҳои узви ин созмони қораиро хоҳанд чашид. Як мабдаи имтиҳон барои ИА ин аст, ки сиёсати хориҷиаш дар шакли ҷадид то куҷо собит хоҳад буд ва раёсати Испания, ки бештар дидаи таваҷҷӯҳ ба сӯи ҳамсояҳои ҷанубии худ дӯхтааст, оё ба ояндаи Паймони мушорикати шарқии ИА чӣ таъсире аз худ ба ҷо хоҳад гузошт?

Испания ва ҳамин тавр, Фаронса ба сурати суннатӣ масири ҳамкорӣ ва мушорикати зичтари ИА бо ҳамсояҳои ҷанубии худ дар он сӯи баҳри Миёназамин, аз ҷумла бо Марокашу Алҷазоир, Тунису Либия ва Мавританияро пеш мебурданд ва аз ҷумла бо шарофати таъсир ва нуфузи Мадрид буд, ки аз се ду ҳиссаи маблағгузориҳои барои солҳои 2007 то 2013 ихтисосдодаи ИА бояд маҳз ба ҳамин кишварҳои минтақаи Мағриби қораи Африқо биравад.

Вале ин сиёсат чандон муваффақ ба назар намеояд, зеро режимҳои худкомамиҷози ҳоким дар кишварҳои Мағриб бештар дидаи худ ба ҳамин кӯмакҳои молии Аврупо дӯхта, аз ҳамкорӣ бо Брюссел дар масоили сиёсӣ ҳаддалимкон иҷтиноб меҷустанд.

Акнун ки Испания раёсати давраии ИА-ро ба дӯш мегирад, як суоли халқшуда дар зеҳни маҳофил ин аст, ки оё Мадрид ҳамчунон ҳамкорӣ бо минтақаи Мағрибро дар раъси сиёсати берунаи ин созмон хоҳад гузошт ё хайр? Ва оё чунин хатти маш ба ояндаи Паймони мушорикати шарқии ИА, ки ҳамкории танготанги Брюссел бо 6 кишвари шӯравии собиқ – Украинаву Беларусу Молдова ва Арманистону Озарбойҷону Гурҷистонро ба ҳадаф дорад, чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Дабири давлатии Испания дар умури ИА Диего Лопес Карридо ахиран дар Брюссел ин 6 кишвари дахил дар Паймони мушорикати шарқиро итминони хотир дод, ки онҳо дар аҳди раёсати Мадрид низ дар авлавият қарор хоҳанд гирифт. Бо васфи собиқаи сиёсати хориҷии Мадрид, ин ҳарфҳо, албатта, як андоза ғайриинтизор менамоянд. Вале аз сӯи дигар, он собиқа аз паймонҳои қаблии ИА, аз ҷумла паймони Барселона, бармеояд, ки барои мушорикати бештар бо ҳамсояҳои ИА дар шимоли Африқо роҳ мекушод.

Паймони Лисабон, ки дар пайи тасвиб шуданаш аз ҷониби ҳамаи 27 кишвари узви ИА, аз 1-уми декабр ба ҳукми иҷро даромад, тартиб ва шеваи иттихози сиёсати хориҷии ин созмонро хеле тағйир медиҳад ва аз ин ба баъд таҳия ва иҷрои чунин сиёсат дар салоҳияти истисноии раиси давраии ИА нест, балки бо эҷоди мақомҳои ҷадиди президенти Шӯрои Аврупо ва вазири умури хориҷии ин созмон, Испания мукаллаф аст, иқдомоти худро бо ин ду мақом низ ҳамоҳанг кунад.

Пётр Качинскӣ аз Маркази мутолиоти сиёсии Аврупо дар Брюссел мегӯяд, албатта баъид аст, ки Мадрид аз тааҳҳудоти супурдааш ба кишварҳои Мағриб ақиб бинишинад, вале ин ҳам баъид аст, ки Испания дар шароити кунунӣ монеъи ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои шарқии ИА шавад. Качинскӣ мегӯяд, Испания ҳатто дар роҳи дифоъ аз манофеъи ҳамсояҳои шарқии ИА сарсупурдагӣ нишон надиҳад, боз ҳам ба эҳтимоли ғолиб чорае ба ҷуз аз посухи мусбат додан ба ташаббусҳое, ки дар ин маврид аз ҷониби мақомоти Брюссел, кишварҳои Аврупои шарқӣ ва он 6 кишвари шӯравии собиқи дахил дар ин Паймон бар хоҳад хост, надорад.

Аз сӯи дигар, сарнавишти ин паймон танҳо дар дасти Мадрид нест, балки бештар марбут ба ду мақоми нави ИА-ст, ки тибқи Паймони Лисабон, таъсис ёфтаанд.

Аммо ба симати президенти Шӯрои ИА намояндаи Белгия Ҳерман ван Ромпуй ва ба симати вазири хориҷааш намояндаи Бритониё Кэтрин Эштон интихоб шудаанд, ки шахсиятҳои хеле шинохта ва пурнуфуз нестанд. Чунин сурати ҳол боис ба он шуда, ки Паймони Лиссабон дар самими қалби ИА як навъ халои қудратро эҷод кунад. Испания ҳатман талош хоҳад кард, ин халоро худ пур кунад. Сарвазири Испания Луис Родригес Запатеро гуфтааст, ӯ дар мақоми раиси давраии ИА намехоҳад дар ин саҳна нақши баъд аз раиси Шӯрои ИА Ромпуй дуввумро бозӣ кунад. Яъне, набардҳои асосӣ барои касби мақом ва нақши аввал дар саҳнаи ИА ҳанӯз дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG