Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармӣ дар равобити Бишкек ва Тошканд


Қирғизистон дар соли 2010 ҳаҷми гази мавриди ниёзи худро аз Ӯзбакистон нисбат ба нархе, ки ин кишвар барои соли 2009 муқаррар карда буд, арзонтар харидорӣ хоҳад кард. Дар соли 2009 Қирғизистон ҳазор метри мукааб гази Ӯзбакистонро дар ивази 240 доллари амрикоӣ мехарид.

Дониёр Усенов, нахуствазири Қирғизистон, ки дар раъси як ҳайати ҳукуматиии ин кишвар ба Тошканд рафта омад, гуфтааст, дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки Ӯзбакистон барои Қирғизистон нархи гази табииро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи Дониёр Усенов, вале қимати ниҳоии ҳазор метри мукааб гази Ӯзбакистон, ки ин кишвар барои Қирғизистон муқаррар хоҳад кард, баъди соли нав эълон карда мешавад.

Ба иттилои хабаргузориҳои расмии қирғиз, дар Тошканд президент Ислом Каримов нахуствазири Қирғизистон Дониёр Усеновро ба ҳузур пазируфтааст. Гуфта мешавад, баъди танаффуси панҷсола масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи миёни Қирғизистону Ӯзбакистон дар мулоқоти Ислом Каримов бо Дониёр Усенов дубора дар миён гузошта шуд. Ин хабаргузориҳо ба нақл аз қавли нахуствазири Қирғизистон ишора кардаанд, ки 900 километр тӯли марзи миёни Қирғизистону Ӯзбакистон таъйин шудааст, вале дар мавриди боз 600 километр тӯли ин марз ҷонибҳо ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тошканду Бишкек масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи Қирғизистон, дар болои рӯдхонаи Норин, имконпазирии фоҷиаҳои техногенӣ ва экологӣ, ҳамчунин нигарониҳои ҷониби Ӯзбaкистон низ матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Дониёр Усенов, Ӯзбакистон тақозо кардааст, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи Қамбарота-1 мавриди таҳқиқи коршиносони байналмилалӣ қарор гирад. Бино ба суханони нахуствазири қирғиз, чунин таҳқиқ зимни сохтмони ҳар як нерӯгоҳи барқи обии бузург ҳатмӣ аст ва Қирғизистон аз ин раванд орӣ нахоҳад буд.

Илёс Давидов, вазири барқ, маводи сӯхт ва саноати Қирғизистон, ки дар ин ҳайати ҳукуматӣ шомил буд, ба радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба гуфтушунидҳои солҳои гузашта дар ин гуфтушунид пешрафтҳо эҳсос мешуданд. Вай афзуд, дар ҳар сурат Ӯзбакистон дар соли 2010 Қирғизистонро бо гази табиӣ таъмин хоҳад кард.

Ойзода Туйғунбоева, сухангӯи «Қирғизгаз» мегӯяд, қимати газ барои соли 2010 дар биржаи аврупоии нафту газ муайян карда мешавад, аз ин лиҳоз дар ҳоли ҳозир дар мавриди нархи газе, ки Ӯзбакистон барои Қирғизистон муқаррар хоҳад кард, дақиқ чизе гуфтан берун аз имкон аст.

Бо назардошти ин ҳама, иддае аз коршиносон бар ин ақида устуворанд, ки дар равобити байни Тошканду Бишкек як нармӣ эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG