Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соли 2009 ду вазири собиқи ҳукумат ва аз чеҳраҳои калидӣ дар кишвар Мирзо Зиёев ва Маҳмадназар Солеҳов ҷоми маргро нӯшиданд, раисҷумҳур Раҳмон аз як сафар ба Маскав худдорӣ кард, нерӯгоҳи Роғун ва Корхонаи алюминиюм миллӣ эълон шуданд ва аз солрӯзи Имоми Аъзам мутантан ҷашн гирифта шуд.

ОХИРИН СОЛИ ДУ ВАЗИРИ СОБИҚ
Ҳодисаи ғайримунтазираи марги Маҳмадназар Солеҳов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шоми рӯзи шашуми июни соли равон фазои орому сокити кишварро баҳам зад ва то чанд муддате ба як мавзӯъи саризабонҳо ва доғ дар расонаҳо табдил ёфт. Агарчанде шоеъот дар мавриди радди марҳамати роҳбари аввал қарор гирифтани Солеҳов дар пайи барканориаш аз вазифаи вазири дохила қабл аз вуқӯъи марги ӯ паҳн шуда буд, аммо аз онки ӯ аз бинои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар канори ӯ қарор дошт ва дар муҳимтарин мақомҳои давлатӣ ифои вазифа мекард, даст ба худкушӣ задани ӯ ҷомеаи кишварро такон дод.

Пай ва изи ин ҳодисаи ҳавлангез дар афкор ва азҳони мардум ва низ сафаҳоти расонаҳо тира нашуда буд, ки шабаҳи Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик, ки гуфта мешуд, аз Афғонистон ба ватан ворид шудааст, дубора рӯи фазои сиёсии кишварро парда зад.

Саранҷом, сарусадоҳои вуруди Мулло Абдулло бо куштори яке дигар аз вазирони пешини ҳукумати Тоҷикистон Мирзо Зиёев хотима
ёфт. Куштори Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва аз фармондеҳи кулли Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик, баъди бештар аз ду моҳи куштори вазири умури дохила боз ҳам авзоъро доғтар кард. Дар ҳоле, ки мақомот ҳарду вазирони собиқи худро, ки рутбаи генералӣ низ доштанд, муттаҳам ба ҷиноёти сангин карданд ва гуфтанд, яке худкушӣ ва дигаре аз тири ҳаммаслакони худ ҷоми маргро нӯшид, аммо пайвандони аввалӣ гуфтанд, ӯро куштанд ва масъулони ҳизби наҳзати исломӣ куштори дуввумиро шаҳодат ва худи Мирзо Зиёевро шаҳид хонданд.

Бештари таҳлилгарон ва ҷомеашиносоне, ки ҳаводиси Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, низ қатли ду вазири ҳукумат дар соли равонро аз доғтарин ҳаводиси соли ҷорӣ арзёбӣ карданд.

ТИРАГИИ НАХУСТИН ДАР РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ
Вале дар ин миён яке дигар аз иттифоқоте, ки бесобиқа ва беназир буд ва на танҳо дар расонаҳои дохилӣ, балки дар хориҷ аз кишвар низ сарсадоҳои фаровонеро ба бор овард, сарфи назар кардани сафари аз қабл тарҳрезишудаи президенти Тоҷикистон ба Маскав буд. Баъд аз он ки раисҷумҳури Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз мавқеи Тошканд ҳимоят кард, Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба Маскавро лағв кард.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон як кишвари рӯ ба Русия шинохта мешуд, як чунин тасмимгирӣ амали бесобиқа буд, ин ҳам дар ҳоле, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо як баёнияе мавқеъгирии президенти Русияро интиқод кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ин иқдоми мақомоти Тоҷикистон то куҷо манфиатовар тамом шуд, ҳарфе дигар аст, вале дар амри ҳифзу ҳимояти истиқлоли давлатӣ гоми муҳим буд.

СОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ба назари коршиносон, бузургдошти соли Имоми Аъзам - муассиси мазҳаби ҳанафӣ, ки аз сӯи давлати Тоҷикистон эълон шуд, низ ҳаводисест, ки метавон дар радифи иттифоқоти барҷаста ва ҳатто доғи кишвар қарор дод. Таҳлилгарон мегӯянд, таҷлили мавлуди як шахсияти мӯътабари мазҳабӣ аз сӯи давлат шаҳодати тағйири муносибати давлат ба дин аст ва оғози як раванди тозае дар фазои мазҳабии кишвар аст.

РОҒУН
Як ҳодисае, ки то ба имрӯз ба қавли таҳлилгарон доғ боқӣ мондааст ва ҳоло низ дар борааш расонаҳо матолиб ба нашр мерасонанд, пешниҳодҳо оид ба фурӯши корхонаи арзизи тоҷик ва дар ивази пули он сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст. Коршиносон мегӯянд, ба маҳзи нашри чунин матолиб давлат тасмим гирифт, ин корхонаро дар радифи нерӯгоҳи Роғун моликияти истисноӣ эълон кунад.
...ВА ДИГАР
Ба ин тартиб, дар соли 2009 дар муқоиса бо панҷ-шаш соли пеш рӯйдод ва ҳаводиси доғ бештар сурат гирифтааст. Дар канори он чи ки
аз ин иттифоқот ин ҷо ёдоварӣ шуд, ҳамчунин, манъи ҷараёни Салафия аз сӯи Додгоҳи олӣ, аудити Бонки миллии Тоҷикистон ва ошкор шудани сирқати маблағҳои бузург, ихроҷи Ӯзбакистон аз ҳалқаи воҳиди энержии Осиёи Миёна, баҳсҳои бархоста бар сари шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар кишвар миёни Тоҷикистон ва Русия, нишасти раисҷумҳур бо хабарнигорони маҳаллӣ ва рехтани муҳтавои сӯҳбатҳои ӯ дар саҳифаҳои расонаҳои русӣ низ аз иттифоқоте буданд, ки пиромуни онҳо сарусадо зиёд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG