Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2009 барои сокинони оддӣ ва муҳоҷирони корӣ як соли вазнини бӯҳрони молӣ ва талош барои пайдо кардани василаи рӯзгузаронӣ ва барои мансабдорони Суғд соли ҷашнҳову тантанаву маросимҳои пурдабдаба буд.

Ифтитоҳи хати барқи «Ҷануб - Шимол» - раҳоӣ аз қайди Узбакистон

Ифтитоҳи ин хати баландшиддат дар охири моҳи ноябр муҳимтарин ҳодисаи хотирмон дар соли 2009 барои сокинони вилояти Суғд буд. Бо бунёди ин хати нав дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ таъсис ёфт ва кишварро аз қайди Узбакистон, ки нерӯи барқи НОБ – и Норакро тавассути қаламрави худ ба вилояти Суғд интиқол медод, раҳо кард. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин хати навро «лаҳзаи таърихӣ» номид ва гуфт, сокинони Тоҷикистон дар 18 соли ахир «ба сабаби нарасидани қувваи барқ» ва «мавҷудияти як қатор монеъаҳои сунъӣ дар интиқоли он дар хориҷ» танқисӣ мекашанд.

Зоҳиран манзури раисҷумҳур Узбакистон буд, ки дар зимистони гузашта аз тронзити нерӯи барқи Туркманистон аз қаламрави худ ба Тоҷикистон иҷозат надод ва сокинони Суғдро дар манзилҳо ва мактабу бемористонҳои сарду торик гузошт.

Аммо аз нигоҳи мутахассисин ва таҳлилгарон, фаъол сохтани хати барқи «Ҷануб - Шимол» ин ҳанӯз маънии бартараф шудани норасоии барқро надорад. Ба гуфтаи онҳо, буҳрони энергетикиро танҳо бунёди НОБ – Роғун аз миён хоҳад бурд.

Тантана ё ободкорӣ - ё ҳар ду ? !

Соли 2009 маросими умумиҷумҳуриявии таҷлил аз ҷашни ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон дар Хуҷанд баргузор гардид. Маросими асосӣ дар рӯзи 27 – уми июн дар варзишгоҳи навбунёди маркази вилоят 25 ҳазор нафарро гирд овард. Рӯзи ваҳдат бунёди беш аз 150 иншооти ҷашнӣ ва маросимҳои зиёди пуртантана ва серхароҷотро бо худ дошт: маҷмааи бузурги варзишӣ, пул бар болои рӯди Сир, ифтитоҳи чаҳорбоғи тафреҳии Чумҷуқ – Арал, табобатгоҳ, мактаби президентӣ, чойхонаи миллӣ... Бархе аз сокинон чунин ҷашнгириро «сабаби ободиву бунёдкорӣ» хонданд, бархе дигар як навъ «исрофкорӣ» ва «бетадбирӣ» дар давраи авҷи буҳрони молии ҷаҳонӣ, ки таъсири манфии он Тоҷикистонро низ дар канор нагузошт.

2009 бар мушкили муҳоҷирони корӣ афзуд

Соли 2009 як соли вазнин барои муҳоҷирони корӣ буд, ки аз ҳама сахт таъсири манфии буҳрони моли ҷаҳониро, ба қавле бо пӯсти худ, эҳсос карданд. Бархе барои сафари мардикорӣ маблағ пайдо карда натавонистанд, бархе ҳам зиндагии дасттангонаву боқаноат дар ватанро аз кори пурмашаққату каммузд дар Русия беҳтар донистанд. Бар пояи маълумоти расмӣ, дар соли 2009 ҳудуди 170 000 сокини Суғд ба муҳоҷирати корӣ, асосан ба Русия рафтаанд, ки аз соли пеш 20 ҳазор кам мебошад. Ҳамчунин, ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, муҳоҷирони корӣ дар соли 2009 назар ба як соли пеш сеяк кам маблағ интиқол доданд.

Тирпарронӣ дар Исфара

Дар моҳи сентябр Саидумар Саидов – сардори бахши кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии Исфараро дар назди манзили зисташ як нафари шахсияташ ҳанӯз эълоннашуда аз туфангча тир холӣ карда, ба ҳалокат расонд. Мақомоти интизомӣ инро як амали тарҳрезигашта аз ҷониби гурӯҳи ҲИУ дар ин маҳал номиданд. Рӯзи 18 – уми октябр нерӯҳои давлатӣ дар ҷараёни як амалиёти вижа бо гурӯҳи афроде, ки дар як манзили заминӣ дар шаҳри Исфара ҷамъ омада буданд, вориди даргирӣ шуданд ва Абдуфаттоҳ Қайюмов, Маъруфхоҷа Баҳоваддинов, Зикридин Турсунов ва Ҳусенбой Ёдгоровро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ҷараёни ин амалиёт як милиса аз гурӯҳи таъиноти махсус (ОМОН) – Хайрулло Мирзоев захм бардошт ва як сокини маҳал - Абдуҷамил Аҳмадов боздошт гардид. Масъулини идораи умури дохилаи Суғд гурӯҳи муқобалати мусаллаҳона нишондодаро аъзои шабакаи ҲИУ дар қисмати шимолу шарқи Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистон номиданд, ки бо иттиҳоми содири як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла – куштори афсари милиса - Саидумар Саидов таҳти таъқиб қарор доштанд. Дар зеҳни бисёр сокинони Суғд задухурди мусаллаҳона дар Исфара чун нохуштарин ҳодисаи соли 2009, ки амнияти минтақаро халалдор сохт, нақш баст.

Чашми нуқракобони ҷаҳон - ба сӯи Кони Мансур

Дар охири соле, ки буҳрони молӣ фаъолияти қисмате аз корхонаҳои санъатии Суғд, аз ҷумла «Фулузоти нодир» - ро комилан фалаҷ ва дар чашми самоягузорон камэътибор гардонд, боз ҳам як бор назари нуқраҷӯёни ҷаҳон ба сӯи ин минтақа дӯхта шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар поёни сол барои ба даст овардани ҳаққи баҳрабардорӣ аз нуқраи Кони Мансур, воқеъ дар шимоли кишвар музояда эълон кард. Кони Мансур, воқеъ 40-километрии шимоли Хуҷанд, аз рӯи ҳисобҳои муқаддамотӣ бо захираи нуқраи 50 ҳазор тон дуюмин кони бузурги нуқра дар ҷаҳон ҳисоб меёбад. Ҳукумат ҷиҳати таҳияи асноди фанниву молӣ, интихоби тарҳҳои сармоягузорон барои шарикӣ дар истихроҷи нуқраи кони мазкур Созмони байналмилалии молиро ҷалб кардааст.

Шуҳрат Раҳматбоев – муовини раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, то кунун даҳҳо дархост аз сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар музоядаи Кони Мансур ба гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва мушовирони байнулмилалӣ аз Иттиҳодияи байналмилалии Молӣ расидааст. Ба гуфтаи вай, дар марҳалаи асосии музояда, ки дар соли ояндаи 2010 баргузор хоҳад гашт, сармоягузорон аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ баргузида хоҳанд шуд.

Дар остонаи соли Нави милодӣ - гармиву рӯшноии бештар дар манзилҳо

Бо ин ҳама барору бебарориҳо соли мелодии 2009, соли Говро сокинони Суғд бо руҳияи беҳтару хуштар аз соли гузашта гусел мекунанд, чаро ки серобиву хати нави «Ҷануб - Шимол» барқ ва гармиву рӯшноии бештар ба манзилҳо овард. Ва рӯзҳои ахир интиқоли газ низ ба хонаҳои сокинони Хуҷанд аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG