Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати Кобул қазияи Кунарро таҳқиқ хоҳад кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай як ҳайъати давлатиро ба манзури таҳқиқи қазияи ҳалокати 10 ғайринизомӣ ба вилояти шарқии Кунар фиристод. Бино ба хабарҳо, ин афрод рӯзи якшанбе дар ҷараёни як задухӯрд бо ширкати нирӯҳои хориҷӣ кушта шудаанд. Карзай дирӯз куштори мардуми осоишта дар Кунарро, ки аксар толибилм будаанд, маҳкум кард.
Паймони НАТО, ки фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, имрӯз гуфт, ки низ ба таҳқиқи гумонҳои мавҷуда дар бораи ҳалокати афроди ғайринизомӣ пардохтааст. Аммо НАТО мегӯяд, ки дар рӯзи ин ҳодиса дар улусволии Наранг ягон амалиёт барпо накарда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG