Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷаллаи "Шарқу Ғарб" ба зудӣ чоп хоҳад шуд


Фарҳангистони ҳунари Тоҷикистон ҳамроҳ бо як гурӯҳи адибону тарҷумонҳои тоҷик тасмим гирифтааст, аз соли оянда маҷаллаи адабиеро таҳти унвони “Шарқу Ғарб” нашр кунад.
Абдуғаффор Абдуҷабборов, сардабири ин маҷалла гуфтааст, “Шарқу Ғарб” ибтидо ба сурати семоҳа нашр шуда, дар оянда нашри моҳонаи маҷалла дар назар гирифта шудааст.
Масъулини “Шарқу Ғарб” мегӯянд, дар саҳафоти маҷалла осори шоирону адибони муосири тоҷик ва ҳамин тавр тарҷумаи беҳтарин намунаҳои адабиёти муосири ҷаҳон ва ҳамин тавр беҳтарин тасвирҳову наққошиҳои маҳсули дасти чӣ рассомони тоҷик ва чӣ наққошони хориҷӣ чоп хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG