Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Қоида масъулияти тарҳи террористиро ба дӯш гирифт


Ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройт пас аз ҳодиса бидуни мушкил фурӯд омад

Ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройт пас аз ҳодиса бидуни мушкил фурӯд омад

Шабакаи Ал-Қоида масъулияти ҳамлаи номуваффақ дар ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройт дар рӯзи ҷашни Милоди Масеҳро ба дӯш гирифтааст. Ниҳодҳои амрикоӣ мегӯянд, ин изҳорот дар интернет аз нимҷазираи Арабистон гузошта шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки кишвараш тамоми кӯшишашро ба харҷ хоҳад дод, то ки тарроҳони ин ҳамла ба додгоҳ кашида шаванд.

Дар изҳороти Ал-Қоида гуфта шудааст, ки шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаби 23-сола узви ин шабака мебошад. ИМА Абдулмуталабро дар кӯшиши тарконидани ҳавопаймое, ки 25-уми декабр аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти Амрико парвоз мекард, муттаҳам мекунад. Аз ин амали ӯ мусофирон ва сарнишинхои ҳавопаймо ҷилавгирӣ кардаанд.

Масъулони Ал-Қоида дар изҳороти худ нигоштаанд, ки ин ҳамла посух ба амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои ҳукумати Яман дар аввалҳои моҳи декабр аст, ки дар он амрикоиҳо низ ширкат доштанд. Дар ҷараёни ин амалиёт нерӯҳои Яман алайҳи ҷангиёни Ал-Қоида дар ин кишвар ду ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб, ки мехост ҳавопайморо мунфаҷир созад, узви шабакаи Ал-Қоида унвон мешавад
Шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон иборат аз иттиҳоди ҷангиёни исломгароест, ки дар Яману Арабистони Саудӣ фаъоланд.

Дар ҳамин ҳол вазири амнияти дохилии Амрико Ҷанет Наполитано иқрор намуд, шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб ба феҳристи одамоне, ки вурудашон ба Амрико манъ аст, шомил нашуда буд ва ин иштибоҳи мақомот аст.

Хонум Наполитано мегӯяд, ки “дар баъзе фурӯдгоҳҳо мо фанноварии нави тафтиши мусофиронро ҷорӣ шудааст. Суол ин аст, ки оё бо истифода аз ин фанноварии нав мо метавонистем ошкор кунем, ки ин нафар бо худ маводи тарканда дорад ё хайр? Мо инчунин мехоҳем муайян кунем, ки чаро вақте вай чиптаашро харидорӣ мекард, ишора нашуд, ки ин шахс метавонад хатар эҷод кунад. Чунки аз нигоҳи мо, дар бораи он, ки ин шахси хатарнок аст, мо иттилои зарурӣ доштем.”

Қаблан хабар дода шуда буд, ки падари Абдулмуталлаб мақомоти ИМА-ро дар бораи ақидаҳои ифротии писараш огаҳ карда буд.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, амр содир кардааст, ки чораҳои амниятии тамоми фурӯдгоҳҳои ин кишвар бори дигар ҷиддан тафтиш карда шавад.
XS
SM
MD
LG