Пайвандҳои дастрасӣ

Британия хостори лағви ҳукми эъдоми Акмал Шайх шуд


Лондон аз Пекин даъват кард, ки ҳукми эъдоми шаҳрванди Британия Акмал Шайхро лағв кунад. Акмал Шайх аз сӯи додгоҳи Чин дар қочоқи маводи мухадир муттаҳам шудааст. Вакилони дифоъи ӯ мегӯянд, ки Шайх ба маризии рӯҳӣ мубталост ва аз ин рӯ ниёз ба тараҳҳум дорад. Ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар Чин, аз соли 1951 ба ин сӯ, ягон шаҳрванди кишвари аврупоӣ эъдом нашудааст.
XS
SM
MD
LG