Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди ИМА дар Кореяи шимолӣ


Дар Кореяи шимолӣ як шаҳрванди ИМА боздошт шуд. Хабаргузории расмии ин кишвар иттилоъ дод, ки амрикоӣ рӯзи 24 декабр ғайриқонунӣ аз қаламрави Чин ба Кореяи шимолӣ ворид шудааст. Ҳамзамон бархе расонаҳо дар бораи боздошти Роберт Парк, як фаъоли ҳаракати масеҳии Амрико, дар Кореяи шимолӣ хабар доданд. Ба навиштаи ин расонаҳо, Парк ба Кореяи шимолӣ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG