Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: тарроҳони талоши ҳамла бояд муҷозот шаванд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, ки Амрико барои ошкор ва муҷозот шудани тарроҳони кӯшиши ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймои амрикоӣ пойфишорӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки “шахси гумонбар боздошт шудааст, ба ӯ иттиҳоми талоши нобудсозии ҳавопайморо эълон кардаанд. Тафтиши густардаи ин кӯшиши ҳамлами террористӣ шурӯъ шудааст ва мо то он замоне, ки ҳама афроди дар ин ҳодиса дастдоштаро пайдо накунем ва онҳо муҷозот нашаванд, ором нахоҳем шуд”.
Аз ин пеш хабар дода шуд, ки шабакаи “Ал-Қоида” масъулияти ҳамлаи номуваффақ дар ҳавопаймо дар хатсайри Амстердами Холанд ва Детройти Амрико дар рӯзи ҷашни Милоди Масеҳро ба дӯши худ гирифтааст. Ниҳодҳои амрикоӣ мегӯянд, ки ин изҳорот дар интернет пайдо шудааст.
Дар изҳороти "Ал-Қоида" гуфта шудааст, шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаби 23 сола узви ин шабака мебошад. ИМА Абдулмуталабро дар талоши тарконидани ҳавопаймое муттаҳам мекунад, ки рӯзи 25 декабр аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард. Аз ин амали ӯ мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо ҷилавгирй карданд. Дар изҳороти "Ал-Қоида" омадааст, ки ин ҳамла посух ба амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои ҳукуматии Яман дар аввалҳои моҳи равон аст, ки дар он амрикоихо низ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG