Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Georgian Airways барои парвозҳо ба Русия омода нест


Ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон - Georgian Airways эълом дошт, ки барои рӯзҳои наздик доир кардани парвозҳои мустақим ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург қодир нест. Нино Гиоргобианӣ, сухангӯи ин ширкат, ба хабаргузории РИА-Новости гуфт, ки онҳо барои таҳияи ин парвозҳо дар рӯзҳои 29 ва 30 декабр омода нестанд ва баргузории парвозҳо дар моҳи январро тарҳрезӣ мекунанд. Аз ин пеш мақомоти Русия ба Georgian Airways барои парвозҳои мустақим дар рӯзҳои 29 ва 30 декабр иҷоза доданд – гуфта мешавад, ки ин бояд нахустин парвозҳои мустақим аз Гурҷистон ба Русия баъд аз тақрибан якуним сол мешуд. Парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар баъд аз қатъи равобити Маскаву Тифлис бар асари ҷанг дар Қафқози шимолӣ дар моҳи августи соли гузашта ғайримумкин гардид.
XS
SM
MD
LG