Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Киев оид ба содироти нафт ба созиш расиданд


Русия ва Украина шартҳои асосии созиши интиқоли нафт ба кишварҳои аврупоиро ҳамоҳанг карданд. Дар ин бора вазорати энерҷии Русия хабар дод. Сухангӯи вазорат ба хабаргузориҳо иттилоъ дод, ки созиш дар ин бора тайи ду рӯзи оянда имзо хоҳад шуд. Аз ин пеш мақомоти Словакия, Маҷористон ва Ҷумҳурии Чех хабар дода буданд, ки Русия онҳоро аз имкони мутаваққиф шудани содироти нафт баъд аз Соли нав огаҳ кардааст. Маскав сабаби имкони таваққуф дар содироти нафтро бо баҳсаш бо Киев дар мавриди қимати содироти нафт аз тариқи қаламрави Украина марбут намуд.
Моҳи январи соли равон бар асари баҳсҳои миёни Маскав ва Киев оид ба қимати нафт содироти ин маводи сӯхт ба Аврупо аз тариқи қаламрави Украина чанд рӯз мутаваққиф шуд, ки бӯҳрони энерҷӣ дар бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқиву Марказиро ба думбол дошт.
XS
SM
MD
LG