Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз Теҳрон хост мухолифинро фавран озод кунад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз Теҳрон хост, ки афроди бар асари тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ боздоштшударо фавран озод кунад. Раҳбари ИМА рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар Ҳавайя саркӯб шудани тазоҳуроти мухолифини ҳукумати Эрон аз сӯи нерӯҳои амниятии кишвар ва бар асари он ба ҳалокат расидани дасти кам 8 нафарро шадидан маҳкум кард. Ҳамзамон ӯ аз ҷасорати мардуми Эрон, ки барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебарад, ситоиш намуд.
Саркӯбсозии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ рӯзи якшанбе, рӯзи аслии Ошурои ҳусайнӣ, вокуниши шадиди кишварҳои ғарбиро ба бор овард. Он рӯз дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон бархурди мухолифин бо нерӯҳои ҳукуматӣ сурат гирифт, ки бар асари он, тибқи хабарҳо, аз 8 то 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Дирӯз мақомоти Эрон дасти кам 7 тан аз афроди шинохтаи мухолифи ҳукуматро боздошт карданд. Онҳо, аз ҷумла, дар ташкили тазоҳурот ва ҳамчунин ҳурматшиканӣ ба Ошуро айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG