Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" масъулияти талоши ҳамларо бар дӯш гирифт


Шабакаи “Ал-Қоида” масъулияти ҳамлаи номуваффақ дар ҳавопаймо дар хатсайри Амстердами Холанд ва Детройти Амрико дар рузи ҷашни Милоди Масеҳро ба дӯши худ гирифтааст. Ниҳодҳои амрикоӣ мегӯянд, ки ин изҳорот дар интернет дар нимҷазира Арабистон пайдо шудааст.
Дирӯз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, кишавараш талош хоҳад кард, ки тарроҳони ин ҳамла ба додгоҳ кашида шаванд.
Дар изҳороти "Ал Қоида" гуфта шудааст, шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаби 23 сола узви ин шабка мебошад. ИМА Абдулмуталабро дар талоши тарконидани ҳавопаймое муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 25 декабр аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард. Аз ин амали ӯ мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо ҷилавгирй карданд.
Дар изҳороти "Ал-Қоида" омадааст, ки ин ҳамла посух ба амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои ҳукумати Яман дар аввалҳои моҳи равон аст, ки дар он амрикоихо низ ширкат доштанд. Дар ҷараёни ин амалиёт нерӯҳои Яман алайҳи ҷангиёни “Ал-Қойда” дар он кишвар ду ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG