Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наполитано иштибоҳи мақомоти ИМА-ро иқрор кард


Вазири амнияти дохилии ИМА Ҷанет Наполитано иқрор кард, ки шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб ба феҳристи афроди вурудашон ба Амрико мамнӯъ шомил нашуда буд ва ин, ба гуфтаи ӯ, иштибоҳи мақомот аст. Рӯзи шанбе ҳангоми парвози ҳавопаймои хатсайри миёни шаҳрҳои Амстердами Ҳуланд ва Детройти ИМА Умар Фаррух Абдулмуталлаб талош кард то моддаи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо аз сӯи мусофирон ва сарнишинҳо безарар гардонда шуд. Ӯро нерӯҳои амниятии Амрико боздошт ва зиндонӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки қабл аз ин ҳодиса падари Умар Фаррух мақомоти Амрикоро аз ақидаҳои ифротгароёнаи писараш огаҳ карда буд ва аммо ин ҳушдори ӯро нодида гирифтанд.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ахиран амр кард, ки системи назорати бехатарии парвозҳо дар сартосари кишвар мавриди тафтиши комил қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG