Пайвандҳои дастрасӣ

Сӣ сол пеш, дар хамин шабурӯз нирӯҳои Шуравӣ бо баҳонаи ба истилоҳ "кӯмаки байналмилалӣ" вориди Афғонистон шуданд. Ҷанги тӯлонии Шуравӣ дар Афғонистон баъди 10 сол бо фирори шармандавор анҷом ёфт.

Аксари коршиносон мегӯянд, ки империяи Шӯравиро ҷанги Афғонистон ба хок яксон кард. Аммо танҳо як коршинос мутмаин аст, ки Шӯравӣ дар Афғонистон муваффақ буд.
Мо ба он кишвар мисли қаҳрамон ва нирӯҳои озодибахш ворид шудем, вале аз он ҷо мисли ғосиб бадар омадем. Касе дар он ҷо ба кӯмаки мо ниёз надошт ва мо нафаҳмидем, ки бо кӣ ҷангидем...

Лейтенанти 27-сола, Валерий Востротин - фармондеҳи гурӯҳи вежаи чатрбозони шӯравӣ, то зӯҳри 27 декабри соли 1979, то вақте ки нирӯи таҳти назари ӯ аз генерали КГБ амр гирифт, ҳеч гоҳ ҷангро надида буд.

Гурӯҳи Востротин ҳифзи қасри Ҳафизуллоҳ Амин - раҳбари коммунисти Афғонистонро дар дӯш дошт. Раҳбари ҷаррор, ки барои ҳифзи ҳукумати бешафқат вале рӯ ба суқути худ, ки таҳти фишори рӯзафзуни мусаллаҳони исломӣ қарор дошт, аз раҳбарияти Шӯравӣ таваллои кӯмак карда буд. Аммо ҳоло генерали КГБ ба нирӯи нигаҳбони қасри Амин амр дод, ки ба бино ҳуҷум кунанд ва президентро аз байн баранд.

Бо нигаронӣ аз футури режими нави коммунистӣ дар Афғонистон раҳбарияти шуравӣ аз пайи ҷойгузини Амин шуданд. Кӯшиши аввали қатли Ҳафизуллоҳ Амин аз тариқи агенти КГБ, ки ба нӯшобаи президент заҳр андохта буд, номуваффақ анҷом шуд. Ҳамзамон бо барномаи суиқасд ба ҷони Амин Шӯравӣ теъдоди нирӯҳои худ дар хоки Афғонистонро бештар мекард, то мутмаин бошад, ки режими Амин суқут хоҳад кард.

Талоши дигари КГБ барои аз байн бурдани раҳбари коммунистҳои Афғонистон ба таври ҳайратовар шикаст хӯрд. Зеро сафорати Шуравӣ, ки аз тавтеъаҳои КГБ бехабар буд, барои муоинаи Амин пизишк фиристод. Аммо боз ҳам дер шуда буд: садои таркиши пурдаҳшат дар маркази шаҳр аломати шурӯи ҳуҷуми чатрбозони рус ба қасри Амин буд.

Замоне, ки ҳуҷум ва рӯёрӯи дар қаср ба авҷ расид, лейтенант Востротин ошкоро эҳсос кард, ки нируи ӯ барои ҷанг силоҳи муносиб надорад.

"Агар зиреҳпӯшҳои мо осеб бубинанд, ин ба маъноест, ки ҳамаи саршинишон кушта хоҳанд шуд. Аз таркиши ҳар минае. Қисматҳои дигар моделҳои беҳтар доштанд, ки сарнишинони он бо осебҳои кӯчак ҷон ба саломат мебурданд. Аз мо комилан аз байн мерафт."

Восторин мегӯяд, гузашта аз ин, амалиёт хеле сар-сарӣ тарҳрезишуда буд ва бахшҳои мухталифи низомӣ аз ҳузури якдигар дар майдони задухӯрд хабар надоштанд. Дар ҳуҷум ба қасри Амин як гурӯҳи дигари чатрбозон ба сӯи гурӯҳи Востротин тир кушод ва якчанд аксари ӯро кушта бар ҷой гузошт.

Бо ин ҳама боз ҳам Шуравӣ дар Афғонистон муваффақ буд. Нирӯҳои махсус Ҳафизуллоҳ Амин ва аҳли хонаводаи ӯро ба катл расониданд. Афғонҳо рӯзи дигар аз тариқи Радиои Кобул хабар ёфтанд, ки Амин кушта шуд ва ҷойи ӯро дастнишондаи Шӯравӣ Бабрак Кармал гирифт. Вай дар паёми радиоии худ Ҳафизуллоҳ Аминро ҳамчун ҷосуси "империализми Амрикоӣ" маҳкум кард.

Нирӯҳои Шӯравӣ ва низомиёни русгарои афғон ҳамаи биноҳои калидии ҳукумат дар Кобулро таҳти назорат гирифтанд ва ғасби идораҳои дигар дар саросари кишвар бо суръат ҷараён дошт. Бо ин ҳол то охири моҳи декабр теъдоди нирӯҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон ба 80 ҳазор нафар баробар шуд.

Ҷиммӣ Картер
Президенти Амрико Ҷиммӣ Картер хабари ҳуҷуми Шӯравӣ ба Афғонистонро авоили моҳи январ ба шаҳрвандонаш эълон кард: "Ин нақзи дағалонаи қавонини байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст. Ин амали барқасдонаи як давлати атеистӣ ба хотири фармонравоӣ ба мардуми исломӣ аст. "

Созмони Милали Муттҳаид аз ба хуруҷи оҷили нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон даъват кард ва Ҷиммӣ Картер ба нишони эътироз бозиҳои Олимпии соли 1980 дар Маскавро бойкот кард.

Картер аз ин эътироз фаротар нарафт, чун он замон тамоми ҳушу ёдаш ба бӯҳрони гаравгонгирӣ дар Эрон банд буд. Баъдан, бо гузашти чандин сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико якҷо бо Арабистони Саудӣ миллионҳо долларро ба шӯришгарони исломӣ дар Афғонистон сарф кард.

Вашингтон дар баробари таблиғоти Шӯравӣ, ки мегуфт, Афғонистонро аз капитализму империализм ҳифз мекунад, вокуниши заъиф дошт. Маскав мӯътақид буд, ки ҳамзамон метавонад арзишҳои марксистиро дар дуртарин рустои Афғонистон ҷорӣ кунад. Дар рустоҳое ки мардуми он бо шеваи феодалӣ зиндагӣ доштанд. Аммо ин тахайюл ба зудӣ, бо афзоиши муқовимати саросарӣ алайҳи нирӯҳои Шӯравӣ, аз байн рафт. Ва муқовимати шадиди нирӯҳои худҷӯш , ки худро "Муҷоҳидин ё аскари Худо" ном мебурданд нирӯҳои Шуравиро то рафт ба ботлоқи ҷанг тела медод.

Дмитрий Поляков, як афсари ватандӯсти рус, дар рӯзҳои барфолуди ҳафтаи аввали ҷанг вориди Афғонистон шуд. Ӯ ба ҳарфи фармондеҳи худ эътимод дошт, ки мегуфт онҳо дар Афғонистон бо бар зиди нирӯҳои Амрикоҳо ҷанг хоҳанд кард. Аммо даргириҳо бо шӯришгарони афғон дар кӯҳу теппаҳо дидгоҳи ӯро дар бораи ин ҷанг ба зудӣ дигар кард.

Нирӯҳои Шӯравӣ дар ин задухӯрдҳо аз таҷҳизоти бунёдӣ, бо шумули маводи сӯхт ва ҳатто ғизо маҳрум буданд. Мардуми маҳаллӣ як сабаби мухолифати худ бо нирӯҳои Шӯравиро дар он медиданд, ки аскарони рус бештари вақти худро дар ғорати хонаҳои мардум сипарӣ мекарданд.

Шӯравиҳо дар баробари ҳуҷумҳои ногаҳонии муҷоҳидон, ки гоҳ пайдо мешуданд ва гоҳе нопадид, музтар монданд. Зеро муҷоҳидин ба осонӣ бо мардуми мулкӣ махлут мешуданд ва мушаххас кардан душвор буд, ки кадомӣ мулкӣ аст ва кадомӣ ҷангӣ. Дар чунин ҳолат русҳо аз ҳуҷумҳои ҳавоӣ кор гирифта, шаҳру рустоҳоро бо сокинонаш ба хок яксон мекарданд.

Михаил Горбачев амри хориҷ шудани нирӯҳо аз Афғонистонро соли 1985 содир кард. Аммо хуруҷи воқеӣ чаҳор сол баъд оғоз ёфт.
Михаил Горбачев
Маскав хисороти ҷонии артиши худро бештар аз 13 ҳазор кушта эълон кард. Ин дар ҳолест, ки аксари собиқадорони ҷанги Афғонистон хисороти ҷониро хеле болотар мешуморанд. Дмитрий Поляков мегӯяд, Афғонистон барои Шӯравӣ барномаи ғайривоқеӣ буд.

"Мо ба он кишвар мисли қаҳрамон ва нирӯҳои озодибахш ворид шудем, вале аз он ҷо мисли ғосиб бадар омадем. Касе дар он ҷо ба кӯмаки мо ниёз надошт ва мо нафаҳмидем, ки барои чӣ ҷангидем".

Аммо бо вуҷуди эҳсоси мағлубият, ки русҳо аз ҷанги Афғонистон доранд, таърихшиноси низомии Амрико Лестер Грау мегӯяд, талошҳои Маскав дар Афғонистон қариб муваффақ буд.

"Қазовати ман ин аст, ки онҳо тақрибан муваффақ буданд. Наздик буд, камари муҷоҳидинро бишкананд. Аммо онҳо ба пирӯзии комил нарасиданд. Албатта суол ин аст: "Дар ҷанги чирикӣ кӣ ғолиб омадааст, ки инҳо меомаданд?"

Таърихшинос Грау аз стартегияи хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ситоиш мекунад, ки аз баракати кӯмакҳои бебаркаш ҳуқумати қавиеро дар ин кишвар бар ҷой гузошт. Ин кӯмакҳо барои худи Шӯравӣ бо қиммати гарон анҷом шуд. Баъди ду сол империяи Шӯравӣ фурӯ рехт.

Хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон роҳро барои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар боз кард ва он зербиноеро, ки дар ин кишвар ба мерос гузошта буд, ҳамаро бар бод дод ва бадтар аз ҳама Толибонро рӯи саҳна овард.

Валерий Востротин ва собиқадорони дигари Афғонистон мегӯянд, Амрикоро дар Афғонистон сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ интизор аст. Аммо бо вуҷуди умумиятҳои зиёд боз ҳам ин ҷанг аз бунёд дигар аст. Амрикову НАТО дар Афғонистон артиши тамриндида ва муҷаҳҳаз доранд ва афғонҳо аз талошҳои ҷаҳонӣ барои бунёди Давлати Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар ба эътиқоди коршиноси низомии рус, Александр Голтс, шикасти Шӯравӣ нишон дод, ки ҳамагуна талоши таҳмили тафаккури ғайр дар ин кишвар ба нокомӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бино ба пешгӯии коршинос Голтс хуруҷи ояндаи Амрико аз Афғонистон амнияти Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро ба ҳам мезанад ва эътимоди ҷангиёни исломиро ба шиксатнопазир будани ҷаҳони онҳо бештар мекунад. "Чизе, ки шавад ё нашавад, Афғонистон ҳадафи дастнорас боқӣ хоҳад монд"- мегӯяд коршиноси низомӣ Александр Голтс.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG