Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудаҳо дар Карочӣ ба 25 расид


Шумори кушташудагон бар асари ҳамлаи маргталабона алайҳи маросими аҳли шиа дар шаҳри Карочии Покистон ба дастикам 25 нафар расид. Дар ин ҳамла 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, бомбгузор худро дар байни издиҳоме, ки рӯзи Ошӯро, солгарди шаҳодати Имом Ҳусейнро ёд мекарданд, тарконд. Ин дар ҳолест, ки ба хотири таъмини амнияти аҳли шиъа дар рӯзи Ошӯро ҳазорон маъмури пулис, сарбозони артиш ва воҳидҳои шибҳанизомии Покистон басиҷ шудаанд. Рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар назди масҷиди шиъаҳо дар Кашмири таҳти назорати Покистон 7 нафар кушта шуданд. Шиаҳо тақрибан 20 дарсад аз 167 миллион ҷамъияти аксаран суннимазҳаби Покистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG