Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии афзояндаи Ғарб аз амалкардҳои Теҳрон


Кишварҳои Ғарб шеваи саркӯбии эътирозҳои Теҳронро маҳкум мекунанд. ИА бо нашри як изҳорот истифодаи “бераҳмона”-и нирӯ алайҳи мухолифинро интиқод кард. Вазири хориҷаи Бритониё Девид Милибанд истифодаи нирӯҳои амниятии Эрон аз хушунат дар муқобили тазоҳургаронро “хеле ташвишовар” номид. Амрикову Итолиё ва Фаронсаву Олмон низ саркӯбии тазоҳуротҳо дар Эронро маҳкум карданд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Бернар Валеро аз ҷумла гуфт, ин гоми Теҳрон ба ҷое нахоҳад бурд. Ӯ хостори ҳалли бӯҳрон аз роҳи гуфтугӯи сиёсӣ шуд.
XS
SM
MD
LG