Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як журналист дар Алмаато


Саят Сулембоев, хабарнигори шабакаи иттилоотии «Стан-ТВ»
Саят Сулембоев, хабарнигори шабакаи иттилоотии «Стан-ТВ»

Дар Алмаато Саят Сулембоев, журналисти 27-солаи шабакаи иттилоотии «Стан-ТВ» аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расид.

Тибқи иттилои идораи корҳои дохилии шаҳр ҷасади ӯро бо нишонаҳои марг аз захми корд дар яке аз биноҳои ноҳияи Ҷеттисуи шаҳр пайдо карданд. Бар пояи фарзияи ниҳоди интизомии шаҳр, ки дар иттилоияи ин ниҳод зикр гардидааст, куштор ба фаъолияти хабарнигории Саят бастагӣ надорад.

Михаил Пак, сарвари шабакаи «Стан прадакшин», низ ин фарзияи ниҳоди интизомиро таъйид мекунад ва меафзояд, ки куштор ҷанбаи маишӣ дошт ва ба фаъолияти ҳирфавии журналист бастагӣ надорад.

Оқои Пак мегӯяд, «фарзияи расмӣ барин аст, ки куштор бар пояи зиддиятҳои маишӣ сурат гирифтааст ва мо ин назарро ҷонибдорӣ мекунем, зеро медонем, ки ҳарчанд шабака ба таври фаъолона ба масоили сиёсӣ низ дахл мекунад, вале худи Саят бештар барномаҳои тафреҳӣ омода менамуд ва мо ба ҳеч ваҷҳ куштори ӯро ба фаъолияти ҳирфавиаш марбут намедонем».

Сарвари шабакаи «Стан–ТВ» бо такия бар иттилои ниҳоди интизомӣ меафзояд, ки куштор дар хонаи иҷораи Саят дар як маҳалли ноороми шаҳр сурат гирифтааст. Ба хонае, ки вай ҳамроҳи соҳибаш зиндагӣ мекард, шаб ашхоси номаълум ворид шуда, ӯро ва соҳиби хонаро бо корд задаанд.

Дӯст ва ҳамкори Саят Зауре Аҳмадова, ки як рӯз қабл ҳамкорашро ҳангоми омода кардани матлаб дар коргоҳ дида буд, низ ба гуфтаи Михаил Пак мувофиқ аст. Зауре мегӯяд, «ман бо итминон изҳор медорам, ки Саят аз сиёсат хеле дур буд ва вай бештар ба масоили иқтисодиву робита бо аҳли ҷомеаву бозорёбӣ дахл мекард».

Феълан идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато дар робитаи ба ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва ба ҷустуҷӯи қотилон машғул аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи декабр ин дуввумин куштори журналист аст, ки дар шаҳри Алмаато сурат мегирад. Рӯзи 22-юми декабр Геннадий Павлюк - журналисти шинохтаи қирғизистонӣ аз сӯиқасде аз олам даргузашт. Рӯзи 16-уми декабр дар Алмаато ашхоси номаълум дасту пои ӯро баста аз ошёнаи 6, аз хонае, ки иҷора менишаст, поён афканданд ва вай ҷароҳати зиёд бардошта, дигар ба ҳуш наомад ва дар бемористон аз олам даргузашт.

Баръакси марги ғайритабии Саят Сулембоев, куштори Геннадий Павлюкро аҳли назар ва сиёсатмадорони қирғиз марбут ба фаъолияти хабарнигории вай медонанд. Зеро ба андешаи онҳо, Павлюк бо нашрияҳои мухолифон ҳамкории зиёд дошт ва ин ангезае барои аз байн бурдани журналист гардид.
XS
SM
MD
LG