Пайвандҳои дастрасӣ

Халабонҳои "ИтекЭйр" ба 5 сол маҳкум шуданд


Додгоҳи Қирғизистон халабонҳои ҳавопаймои соли гузашта суқуткарда дар наздикии Бишкекро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ халабони ҳавопаймо Юрий Гончаров ва ёвари ӯ Тим Водолагинро дар суқути ҳавопаймои Боинг-737-и ширкати ИтекЭйр дар моҳи августи соли гузашта ба далели нақзи муқаррароти фанниву амниятӣ муҷрим шинохт.
Ин ҳавопаймо, ки аз Бишкек ба Теҳрон парвоз мекард, баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи ба осмон хестанаш 9 километр дуртар аз фурудгоҳи пойтахти Қирғизистон суқут кард. Сарнишинони ҳавопаймо аз ин сониҳа ҷони солим ба дар оварданд, вале 65 тан аз 90 мусофири он ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG