Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ду сокини рустои Зархоки ноҳияи Исфара, зану шавҳари ҷавон, ба ҳалокат расиданд.

Ҷасади хуншори зану шавҳари ҷавон Ойбек ва Зарифа тақрибан ду рӯз дар маҳалли таркиши мина дар мавзеи марзии Зархоки Исфара мехобиданд, аммо талоши шабонрӯзии ҳамдеҳагон имкон намедод онҳоро ба манзилашон биёранд. Зеро аз бими таркиши минаи навбатӣ онҳо ҳарос доштанд. Танҳо бо мусоидати афроди огоҳ аз харитаи минаҳои Узбакистон дар марзи Тоҷикистон субҳи 27-уми декабр мардум тавонистанд ҷасади ин ду нафарро ба деҳа биёранд ва ба хок супоранд.

Аз хонаводаи Ойбек Иброҳимов ва Зарифа Каримова ду фарзанди хурдсол - Зарринаи 10-сола ва Ҷаҳонгири 6-сола ятим мондаанд.

Бо вуҷуди он ки аҳли хонаводаи Ойбек, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва қабл аз ҳодиса аз онҳо тақозо низ кардаанд, ки аз роҳ баргарданд, аммо онҳо қабул накарда, дар ин мавзеъ ба ҷамъоварии ҳезум машғул шудаанд ...
Ойбек Иброҳимов ба тозагӣ аз муҳоҷирати корӣ ба хотири ҷамъоварии ҳезум барои сармои зимистон аз Русия баргашта буд. Бо вуҷуди огоҳ кардани мардум аз хавфи вуҷуди мина дар мавзеъҳои марзии Узбакистон бо Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Исфара, Ойбек ҳамроҳи хонумаш ба ҷамъоварии хори шубок, ки дар оташ хуб месузад, машғул шудааст.

Корманди маркази миллии поксозии минаҳо дар Тоҷикистон Шаҳриниссо Давлатова мегӯяд, «бо вуҷуди он ки аҳли хонаводаи Ойбек, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва қабл аз ҳодиса аз онҳо тақозо низ кардаанд, ки аз роҳ баргарданд, аммо онҳо қабул накарда, дар ин мавзеъ ба ҷамъоварии ҳезум машғул шудаанд. Дар маҳаллҳои вуҷуди минаҳо маркази миллии минрубӣ аломатҳои махсуси эҳтиёт аз минаҳо гузошта шудааст, вале ҳоло ин аломатҳо нестанд ё кам ҳастанд. Бо вуҷуди ин ҳама ҳодисаи нохуш сар задааст ва ин дуввумин ҳодиса дар ноҳияи Исфара мебошад. Қаблан дар деҳаи Лакон бар асари таркиши мина ду сокини маҳаллӣ кушта шуда буд».

Тайи 10 сол минакорӣ шудани марзи Узбакистон бар асари таркиши минаҳо дар марз 76 нафар кушта ва 87 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар соли равон бар асари таркиши минаҳои Узбакистон чаҳор сокини Тоҷикистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин рақам дар нисбат ба солҳои пештар камтар мебошад, вале масъалаи аслӣ яъне замони вуҷуди минаҳои Узбакистон дар марзи Тоҷикистон ҳамчунон ба таври номаълум боқӣ мондааст.

Ҳоло вуҷуди минаҳои Узбакистон барои сокинони Тоҷикистон хусусан мавзеъҳои марзӣ нигаронкунанда аст. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти Маркази миллии минрубии Тоҷикистон барои маҳв ва хунсо кардани минаҳо дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон барои даҳ соли дигар дароз карда шудааст, вале масъалаи барчидани минаҳои Узбакистон ба барномаи даҳсолаи ин созмон тааллуқ надоштааст.

Парвиз Мавлонқуло, муовини раиси Маркази миллии поксозии минрубии Тоҷикистон, мегӯяд, «ҳангоми таҳия намудани талабнома барои тамдид кардани ӯҳдадориҳои Тоҷикистон масъалаи поксозии марзи Тоҷикистону Узбакистон аз минаҳо ҳал нашуда буд. Ин мавзӯъ мавзӯъи хеле ҳассос аст ва он бо ризоияти ду кишвар ҳал мешавад. Ҳоло ҳам поксозии минаҳо дар ин минтақа номуайян аст. Ҳарчанд, ки марз тахминан 97 дарсад муайян карда шудааст, вале марзбандӣ нашудааст. Барои марзбандӣ намудани сарҳад бояд он аз минаҳо пок карда шавад. Аммо ин масъала то ҳол ҳалли мусбати худро наёфтааст».

Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, дар идомаи панҷ соли амалисозии ин тарҳи поксозии минаҳо дар қаламрави ин кишвар, ҳудуди 900 маҳал таҳқиқ ва бештар аз 2 миллион метри мураббаъ аз минаҳо поксозӣ шудааст. Вале ҳанӯз ҳудуди 17 миллион метри мураббаъ аз қаламрави кишвар бо шумули мавзеъҳои вуҷуди минаҳои Узбакистон таҳти хатари минаҳо боқӣ мондааст, ки ба ҷони садҳо сокини осоишта таҳдид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG