Пайвандҳои дастрасӣ

Истгоҳҳои вижаи занона дар фурӯшгоҳи чиноӣ


Дар як фурӯшгоҳ дар Чин барои занони ронанда мавокини вижаи ист боз кардаанд, ки ба гуфтаи масъулин, ба манзури расидагӣ ба ниёзмандиҳои хоси ин тоифаи ронандагон аст.
Як масъули фурӯшгоҳи Ванчианг Тиёнченг дар шаҳри Шиҷиажуанг, маркази вилояти Ҳебей гуфт, истгоҳи ронандагони занро назар ба истгоҳҳои маъмулӣ ба далели “фарқ кардани диди занон дар мавриди масофа” як метр васеътар кардаанд.
Радиои байналмилалии Чин мегӯяд, истгоҳҳои занонаро дар ин фурӯшгоҳ бо рангҳои рӯшантар, чун гулобиву бунафш ва ҳамчунин бо тасвирҳо оро додаанд.
XS
SM
MD
LG