Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ба пирӯзӣ дар ҷанг бовар дорад


Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ гуфт, давлаташ дар амри пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи ҷангиёни исломӣ азми қотеъ дорад. Зардорӣ дар мақолае дар нашрияи амрикоии "Wall Street Journal" гуфтааст, артиши Покистон водии Свот ва Малокандро аз ҷангиён пок кард ва онҳо ин ҷанг алайҳи ҷангиёнро хоҳанд бурд. Мақолаи Зардорӣ дуруст дар солгарди дуввуми қатли ҳамсараш сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутто нашр шуд. Покистон дар ин авохир амалиёти густардаеро алайҳи ҷангиёни толиб дар манотиқи шимолуғарб ба роҳ андохта, то имрӯз дар бораи кушта шудани садҳо ҷангӣ хабар додааст.
XS
SM
MD
LG