Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи вижаи аҳли хонаводаи Абдулмуталлаб


Аъзои хонаводаи шаҳрванди Нигерия, ки дар рӯзи Мавлуди Масеҳ талош кард, як ҳавопаймои амрикоии мусофирбарро битарконад, изҳор доштаанд, ки бо ӯ аз замони таҳсилаш дар хориҷ иртиботе надоштанд. Хонаводаи Умар Фаррух Абдулмуталлаб бо пахши як баёния гуфт, падари ӯ дар бораи ғайб задани фарзандаш ҳанӯз ҳудуди 2 моҳ пеш ба мақомоти амниятии Нигерия ва ба хориҷ хабар додааст. Аҳли хонавода рафтори Абдулмуталлабро комилан хилофи табиати ӯ хондаанд.
Абдулмуталлаб дар қасди инфиҷори ҳавопаймои амрикоӣ бо ҳудуди 290 сарнишинаш муттаҳам мешавад.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи ин ҳодиса хостори бозбинии тадобири амниятӣ дар хутути ҳавоӣ шуд.
XS
SM
MD
LG