Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ғарб аз саркӯб шудани эътирозҳо дар Эрон


Кишварҳои Ғарб имрӯз шеваи саркӯбии эътирозҳои Теҳронро дигарбора ба боди интиқод кашиданд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Бернар Валеро гуфт, ин гоми Теҳрон ба ҷое нахоҳад бурд. Ӯ хостори ҳалли бӯҳрон аз роҳи гуфтугӯи сиёсӣ шуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳалокати эътирозгарон дар Эронро натиҷаи “иқдомоти ғайриқобилиқабули нирӯҳои амниятӣ” номид. Дирӯз Амрикову Итолиё ва Фаронса низ саркӯбии эътирозҳо дар Эронро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG