Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 15 шиа бар асари як ҳамла дар Карочӣ


Бар асари ҳамлаи маргталабона алайҳи як маросими аҳли шиа дар Карочии Покистон дастикам 15 нафар ба ҳалокат расида, 20 нафар ҷароҳат бардоштанд. Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, бомбгузор худро дар байни издиҳоме, ки рӯзи Ошӯро, солгарди шаҳодати Имом Ҳусейнро ёд мекарданд, таркондааст.
Ин дар ҳолест, ки тадобири амниятӣ дар Покистон дар арафаи Ошӯро афзоиш ёфта, ба хотири таъмини амнияти аҳли шиъа дар рӯзи Ошӯро ҳазорон маъмури пулис, сарбозони артиш ва воҳидҳои шибҳанизомӣ басиҷ шуда буд.
Рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар назди масҷиди шиъаҳо дар Кашмири таҳти назорати Покистон 7 нафар кушта шуданд. Шиаҳо тақрибан 20 дарсад аз 167 миллион ҷамъияти аксаран суннимазҳаби Покистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG