Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2009: Як бурду даҳ бохт


Соли 2009 дар қиболи соли гузашта барои сокинони минтақаи Кӯлоб оромтар ба назар мерасид.

Зеро давоми ин сол ягон ҳодисаи нооромкунандаи авзоъ, ба мисли бархӯрди мусаллаҳонаи мақомот бо гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар соли 2008, гаравгонгирии наврасон ва қатли сарҳадбонону сокинони бумӣ аз ҷониби қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод ба вуқӯъ напайваст.

Маҳкум ба зиндон кардани гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев ва боздошти Шамшер Чолов, фарзанди собиқ қумандони ҷанги шаҳрвандӣ Султон Чолов бо ҷурми нашъаҷалобӣ ба боварӣ сокинон афзуд, ки воқеан он замоне, ки ҳама кор бо зӯри силоҳ ҳали худро меёфт, солҳост дар минтақа ба поён расидааст.

Афзоиши бемории сил давоми соли ҷорӣ боиси нигаронии пизишкон гардид. Тибқи иттилои расмӣ, шумори гирифторони ин беморӣ дар минтақа ба беш аз ду ҳазор нафар расида ва соли ҷорӣ наздики сад нафари ин беморон ҳалок шудаанд ...
Аммо муҳимтарин ҳодисаи соли 2009 дар минтақаи Кӯлоб озод кардани беш аз 30 ҳазор ҳектор замин аз тасарруфи қочоқчиёни афғон ҳисоб карда мешавад. Тобистони имсол мақомоти интизомии кишвар дар ин минтақаи марзӣ як амалиёти мувафақона анҷом доданд, ки бар асари он беш аз 300 нафар қочоқчӣ ба он сӯи марз ронда шуд.

Аламхон Раҳматов, сардори қисми ҳарбии 29 31, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, минтақаи марзӣ дар замони шӯравӣ ва замоне, ки русҳо умури марзбониро дар даст доштанд, зери тасарруфи қочоқчиён қарор дошт ва русҳо бо ҳама иқтидори низомӣ наметавонистанд ва ё намехостанд, ки ин мавзеъ ба ихтиёри Тоҷикистон гузарад. Ҷаноби Раҳматов мегӯяд, русҳо ин минтақаро минкорӣ намуда буданд, ки ҳамакнун барои озодона назорат кардани сарҳад, мушкил эҷод кардааст.

Ихтисоси 2 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ барои бозсозии шабакаи обрасонии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Бонки ҷаҳонии Рушд ҳодисаи дигари муҳими сол арзёбӣ мешавад, дар ҳоле, ки шабакаи обрасонии Кӯлоб аз соли 1979 бад-ин сӯ рӯи таъмирро надида буд ва соле аз ҳисоби оби ифлос даҳҳо нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла бемории домана гирифтор мешуд. Аммо бо нахустин корҳои тармимӣ дар ин самт, ба қавли Сафаралӣ Раҷабмадов, мудири шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб, аз соли 1996 ба ин ҷониб, имсол барои нахустин бор дар Кӯлоб гирифторони бемории домана ба қайд гирифта нашуд.

Аз ҷониби дигар сабти чаҳор ҳолати гирифтории бемории хавфноки таби хунин дар ноҳияи Темурмалик ва чаҳор нафар гирифтори бемории сӯхтанӣ дар Фархорро пизишкони минтақа ҳолати муқаррарӣ унвон намуданд. Зеро ба гуфтаи Саид Аламов, сардори идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб ин бемориҳо мавсимӣ буда, эҳтимоли сар задани онҳо дар фасли баҳору тобистон дар бархе мавзеҳои навоҳии Темурмалик, Фархор, Шӯрообод ва Балҷувон ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим ба гуфтаи ӯ, давоми соли ҷорӣ касе аз чунин бемориҳои сироятии хавфнок дар минтақа нафавтидааст.

Аммо афзоиши бемории сил дар минтақаи Кӯлоб давоми соли ҷорӣ боиси нигаронии коршиносону пизишкон гардид. Ҳамакнун тибқи иттилои расмӣ, шумори гирифторони ин беморӣ дар минтақа ба беш аз ду ҳазор нафар расида ва соли ҷорӣ наздики сад нафар аз ин беморон ҳалок шудааст. Имсол дар қатори ноҳияи Восеъ бо шумори бештари гирифторони сил ноҳияи Ҳамадонӣ низ шомил гардид. Бозор Ашуров, директори маркази мубориза зидди сили ноҳияи Ҳамадонӣ, мегӯяд, вазъи табобати беморон дар ноҳия боиси нигаронист.

Корҳои иктишофии ширкати “Тетис петролиум лимитед” ва чанд ширкати дигар дар ноҳияи Балҷувони минтақаи Кӯлоб натиҷаи чашмрасе надод. Насриддин Ҳабибуллоев, сардори идораи “Кӯлобгаз” мегӯяд, то замони шурӯъи корҳои иктишофию бозсозӣ ба Кӯлоб то 60 ҳазор куб газ интиқол меёфт, вале ҳоли ҳозир ин ба 5 ҳазор куб баробар шудааст, ки барои сокинон нокифоя аст.

Дар масоили сохтмони иншооти замонавӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳеҷ пешрафти ҷиддие дида намешавад. Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигорӣ маҳаллӣ, мегӯяд, иншооте, ки замони таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб дар соли 2006 мавриди истифода қарор гирифта буд, бо гузашти се сол рӯ ба вайронӣ овардаанд. Ба қавли ӯ, боми театри ба номи Саидалӣ Вализода, беморхонаи вилоятӣ ва чанд мактаб, ки аз шумори иншооти ҷашнӣ буданд, ҳамакнун мечаканд. Маҷмаи меъмории 2700 солагии Кӯлоб низ, ки иншооти таърихӣ маҳсуб ёфта, барои наслҳо бунёд шудааст, чунин аҳвол дорад.

Соли 2009 дар Кӯлоб дар ҳоле ба поён мерасад, ки ба назари коршиносон ба як бурд даҳ бохт рост меояд. Ва исмол низ дар қиболи солҳои гузашта пешвози Соли нави милодӣ дар ин шаҳр сардтар ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG