Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарбиятгирандагони интернати наздимактабии Хоруғ одатан дар рӯзҳои ид тӯҳфа мегиранд. Сарвари интернат Тоҳир Ҷонмамадов гуфт, ки дар арафаи соли нави милодӣ низ идораву ташкилотҳои хайрхоҳ тарбиятгирандагоро фаромуш накарданд ва барояшон маводи ғизо, шириниҳо ва бозичаҳо ҳадя оварданд.

Тарбиятгирандагон изҳор доштанд, ки аммо тӯҳфаи аз ҳама хуб ва хотирмонро барояшон шираткунандагони барномаи омӯзишии FLEX тақдим карданд. Фозили Файзиддин, як тарбиятгирандаи интернат гуфт, ки ин гурӯҳи духтарону писарони ҷавон на фақат барояшон тӯҳфаҳо тақдим намуданд, балки бо арча ва Бобои барфӣ ба наздашон омада, бо созу суруд ва рақсу бозиҳои рангоранг маҳфили гарму шавқовари солинавӣ баргузор карданд .

Ба гуфтаи Руҳафзо Кайковусова, донишҷӯи курси аввали риштаи иқтисоди Донишгоҳи Хоруғ, фақат дар маркази вилоят зиёда аз 10 нафар хатмкунандаи барномаи омӯзишии FLEX ҳастанд, ки тибқи он ба муддати як сол дар хонаводаҳои амрикоӣ ба сар бурданд ва дар макотиби он ҷо таҳсил карданд. Руҳафзо Кайковусова баён дошт, ки худаш дар муддати як соли зист ва таҳсил дар иёлати Мичиган дид, ки чи тавр ҷавонон дар рӯзҳои ид барои бепарасторон ва ашхоси маъюб маҳфилҳои шавқовар баргузор мекунанд.

Ба гуфтаи Руҳафзо, онҳо тасмим гирифтаанд, чунин як тарзи таҷлили ҷашни соли нави милодиро бо барномаи созу суруд , саҳнача ва ҳазлу шухӣ ба тарбиятгириандагони интернат пешкаш ба намоиш гузоранд ва бовар дорад, ки лаҳзаҳе ҳам бошад дӯстони мактабхонашон худро дар муҳити оилавӣ эҳсос мекунанд ва аз барномаашон ҳаловат мебаранд.

Хатмкунандагони FLEX дар ҷамъоварии маблағи хайрия барои тарбиятгирандагони интернат низ саҳм гирифтанд. Руҳафзо мегӯяд, ки бо маблағи аввалияи гӯшаи амрикоӣ дар Хоруғ онҳо маводҳои зарурӣ харида, дар хона ширинӣ пухтаанд ва барои даҳон ширин кардан ба назди кормандони идораву муассисаҳо бурдаанд ва ҳамин тавр 1300 сомонӣ аз фурӯши он ва хайрияи кормандон ба даст омадааст. Бо ин маблағ барои ҳар як тарбиятгирандаи интернат тӯҳфаҳои солинавӣ ва барои хобгоҳашон қолину телевизор ва бозичаҳои гуногун харидаанд.

Ба гуфтаи сарвари интернат, дар он 53 нафар ятимон ва бепарасторон аз манотиқи гуногуни вилоят ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо маводи ғазо пурра таъмин ҳастанд, аммо тангии ҷойи хоб мушкили ҳалношуда боқӣ мемонад. Сарвари интернат афзуд, ки тарбиятгирандагон дар утоқҳои хоб ба ҷой се нафари чаҳорнафарӣ ҷой дода шудаанд.

Танзимгари «Гушаи амрикоӣ» дар Хоруғ Сабрина Қонунова мегӯяд, ки ҳамакориҳо бо интернат идома ёфта, ихтиёриён ҳафтае ду маротиба бо тарбиятгирандагон машғулиятҳои забони англисӣи баргузор мекунанд. Вай гуфт, ки ҳамчунин онҳо кӯшиш меварзанд, ки дар таъмини интернат бо мизу курси ва компютер саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи тарбиятгирандагон, худи онҳо низ маҳфилҳо баргузор карданд, аммо маҳфил бо ширкати дӯстони нав тамоман чизи дигар аст ва ҳар ду тараф кӯшиш карданд, ки малака, истедъдод ва ҳунарашонро намоиш диҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG