Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Бишкек масоили нақлиётиро баррасӣ карданд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон, воқеъ дар ҷануби ин кишвар, ҷаласаи нӯҳуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кори худ хотима бахшид. Дар нишаст ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро вазирони нақлиёт ва коммуникасия Олимҷон Бобоев ва Нурлан Сулаймонов сарварӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки ин нишаст вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни ду кишварро ба доираи баҳсу баррасӣ кашид. Дар радифи он раванди тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нерӯи барқ ва тавлидот низ дар меҳвари гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор гирифт.

Темир Ниёзбеков, узви ҳайати ҳукуматии Қирғизистон, мегӯяд, ки дар Осиёи Марказӣ маҳз Тоҷикистону Қирғизистон аз манбаъҳои фаровони обу барқ бархурдоранд. Ба гуфтаи оқои Ниёзбеков, аз ин лиҳоз дар нишаст масъалаи баҳрабардорӣ аз захираҳои обу барқ аз мадди назари ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар канор намонд.

Олимҷон Бобоев, сарвари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон, мегӯяд, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифт, ки ба манзури таҳқиқу баррасии истифодаи манобеи обу барқ ба ин ҳайат гурӯҳи нави коршиносони варзидаро низ шомил намояд.

Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон гуфт, аъзои ин гурӯҳ роҳҳои аз ҳама беҳтар ва барои ҳар ду ҷониб манфиатбахши баҳрабардорӣ аз захираҳои обу барқро мавриди пажӯҳишу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, дар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки то давраи ниҳоии таъин ва аломатгузории марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои наздимарзӣ одамон аз сохтани манзил ва иншоотҳои дигар бояд худдорӣ варзанд.

Ба гуфтаи Нурлан Сулаймонов, вазири нақлиёт ва комммуникасияи Қирғизистон, робитаҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ, муҳоҷират, омӯзишу парвариш ва равуои бемонеаи нақлиёти борбар аз тариқи қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи миёни ду кишвар хеле мусоидат хоҳад кард.

Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, гуфт, тибқи тавофуқе, ки ба даст омад, ду кишвари ҳамҷавор як ниҳод таъсис хоҳанд дод, ки убуру мурури мошинҳои борбар ва интиқоли маводи мавриди ниёзи мардуми ду самти марзро ҳамоҳанг ва назорат хоҳад кард.

Олимҷон Бобоев афзуд, ки чунин тарзи кор ҳама гуна монеаҳои сунъиро аз байн хоҳад бурд. Дар нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Ӯш баргузор шуд, масъалаи ба китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон ва мактабҳои қирғизӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.

Гуфта мешавад, ки нишасти навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG