Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири амниятӣ дар арафаи Ошӯро дар Покистон


Тадобири амниятӣ дар Покистон дар арафаи ба таҷлили иди Ошӯро пардохтани аққалияти шиъамазҳаби ин кишвар афзоиш ёфтааст. Баъ хотири таъмини амнияти ин мардум дар рӯзи ид ҳазорон нафар аз маъмурони пулис ва сарбозони артиш ва воҳидҳои шибҳанизомӣ басиҷ шудаанд.
Рӯзи якшанбе як маргталаб худро дар назди масҷиди шиъаҳо дар Кашмири таҳти назорати Покистон мунфаҷир кард. Бар асари ин таркиш дастикам 7 нафар кушта шуданд. Пайравони аҳли ташайюъ тақрибан 20 дарсад аз 167 миллион ҷамъияти аксаран суннимазҳаби Покистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG