Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин шабу рӯз дар ҳар хонадони тоҷик садои табрикоти идона аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон ба гӯш мерасад. Ва табрикоти хоссаро модарону модаркалонҳо дарёфт мекунанд, ки ҳоло қариб ҳама дар деҳоти дурдаст соҳиби телефонҳои ҳамроҳанд.

Ин тӯҳфаи фарзандони роҳдурашон аст, ки барои тамоси бетанаффус бо модарони азизашон дар маҳалҳои дур, дар манотиқе, ки дар замони шӯравӣ ҳам ба он гӯшаҳо имкони тамдиди хатҳои телефон набудааст, фароҳам омад. Аксари ин модарон мегӯянд, ки дар гузашта маҷбур буданд барои шунидани садои ҷигарбандашон фосилаҳоро тай карда ба дари почта бираванд, аммо ҳоло метавонанд аз хона, аз рӯи ҳавлӣ, аз дохили оғил ва гӯшаҳои дигари маҳалли зисташон аз ҳоли фарзанди азизашон бохабар шаванд.

Телефони ҳамроҳи момои Рухсорамоҳ ин шабу рӯзи соли нав қариб, ки ягон лаҳза хомӯш нест. Ӯ ҳар замон аз остини фарохи хоси кампиронаи худ, ки ғолибан ба ҷои киса истифода мешавад, мобилашро берун овардаву миёни дигар дугонаҳояш бо ифтихор ба зангҳои беисти табрикотии фарзандон ва набераҳояш посух мегӯяд.

Фарзандонам дар роҳи дуранд, дар Русия. Мо ташвиш мешавем, вале ҳоло бисёр хурсандем, ки ҳамин телефон пайдо шуд ва мо зуд-зуд занг задаву гап мезанем ...
Маҳз телефони мобиле, ки ду сол пеш як наберааш барояш тӯҳфа карда буд, ба ин кампир, ки дар деҳаи дурдасте бо келини худ ба сар мебарад, имкон медиҳад, то дар шаби соли нав худро дар ҳалқаи ҳама ҷигарбандонаш эҳсос кунад. Ӯ мегӯяд, аз телефони мобилаш ғолибан бо кумаки набераҳояш истифода мекардааст:

Момои Рухсорамоҳ дар бораи истифодабарии телефони мобилӣ нақл карда, мегӯяд, “занг шавад, ҳамин кӯдакон гирифта мефаҳмонанд, ки кадом тугмачаашро зер кунам. Баъд гирифта гап мезанам. Ман худам нағз намефаҳмам, бачам, ин телефона.”

Воқеан телефони мобилӣ, ки акнун садои занги онро аз ҳар хонавода шунидан мумкин аст, ба зиндагии аксар дигар занони куҳансоли деҳотӣ ранги дигар бахшидааст.

Момои Меҳрбону ҳам яке аз дигар муштарёни пиронсоли телефони мобилӣ аст. Вай мегӯяд, бо шарофати мобил ӯ акнун пайваста аз ҳоли фарзандони раҳдурӣ худ бохабар аст ва фарзандонаш низ метавонанд ӯро дар ҳама ҷо, хоҳ дар сари оташдону оғил, хоҳ дар сари замин ва ҳатто дар сӯҳбати кампирони деҳ, ки соатҳо идома мекунад, ба зудӣ пайдо кунанд. Аммо аз ҳама муҳим, ӯ акнун дигар ба хотири занг задан ва ҳолпурсии наздикони роҳдураш, ба маркази ноҳия, ки бештар аз 10 километр аст, рафта навбат намеистад.

Хонум Меҳрбону мегӯяд, “фарзандонам дар роҳи дуранд, дар Русия. Мо ташвиш мешавем, вале ҳозир бисёр хурсандем, ки ҳамин телефон пайдо шуд ва мо зуд-зуд занг задаву гап мезанем бо онҳо, аз хабарҳои дунё бохабар мешавем. Аввал, ки ин телефонҳо набуд, ҳамеша дар фикру хавотир будем. Ҳеҷ чизро намефаҳмидем. Ҳозир ҳама осон шудааст”.

Ҳоло бештари занону модарон дар ҳамаи гӯшаву канорҳои Тоҷикистон соҳиби телефони мобилӣ ҳастанд
Ба фарқ аз аксар дигар занҳои ҳамсинни худ момои Меҳрбону аз телефони мобил мустақилона истифода мекардааст. Корбарии мобилро набераҳои наврасаш ба ӯ омӯзондаанд. Танҳо баъзан дар чидани рақами телефонҳо бо чашмони хирааш ва барои дар хотир гирифтани он ба кумак ниёз дорад. Ин зани 77-сола медонад, ки навъи телефонаш “Нокиа” ва ӯ муштарии ширкати мухобиротии МЛТ аст.

Вай меафзояд, “пир ҳам бошем мефаҳмем. Ман худам тарзи истифодаи мобилро зуд ёд гирифтам. Хайр ман мусиқӣ иваз кардану гузоштану гирифтан наметавонем, лекин ҳамин занг задан, ё ба зангҳо ҷавоб доданро медонам, ки сабзу сурхро бояд зер кунам”.

Момои Меҳрбону низ чун аксар дигар муштариёни мобилӣ барои сарфа кардани маблағи телефонаш, бо ирсоли як занги кӯтоҳ ё “смс” ва ё ба қавли худи кампир, “семесе” аз фарзандону келинҳояш хоҳиш мекунад, ки дубора ба ӯ занг зананд ва баъдан бо онҳо сӯҳбат мекунад.

Ситора, келини момои Меҳрбону ҳам, ки низ бо истифода аз телефони хушдомани худ соатҳо бо шавҳари муҳоҷираш дарди дил мекунад, мегӯяд, аксар кампирони деҳ, ки бо шарофати фарзандони муҳоҷирашон соҳиби телефонҳои мобил шудаанд, бо ин роҳ доғи ҳиҷрони ҷигарбандонашонро бароварда месозанд.

Вай меафзояд, “фарзандони аксарияти занони деҳ дар Русия кор мекунанд ва ба модарони пиронсолашон барои ҳолпурсиву огоҳшавӣ аз хабарҳои хонавода телефон фиристодаанд. Маблағи телефонҳои онҳоро ҳам аз Русия пур мекунанд.”

Тибқи омории ахир, имрӯз дар Тоҷикистон ҳар шахси дуввум соҳиби телефони мобил аст. Ба гуфтаи масъулин, шумори истифодабарандагони мобил ба таври чашмрас меафзояд. Барои мисол ба фарқ аз як соли пеш шумори ашхосе, ки аз телефони мобил кор мегиранд, 50 дарсад афзуда, акнун ба беш аз 4 миллион расидааст. Хулоса ин воситаи қулаю дар шароити феълӣ ба фарқ аз телефонҳои маъмулӣ арзону дастрас ба сокинони кишвар имкон фароҳам овардааст, ки соли навро низ ба ҳамдигар аксаран тариқи зангу паёмҳои телефонӣ табрик гӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG