Пайвандҳои дастрасӣ

Расми ифтитоҳи лӯлаи нави нафти Русия


Сарвазири Русия Владимир Путин расман бахши аввали шабакаи лӯлаи нафтеро, ки аз минтақаи Сибири ин кишвар то соҳили уқёнуси Ором кашида хоҳад шуд, боз кард. Ин лӯла интиқоли нафти Русия ба Чин ва бозорҳои Уқёнусияро таъмин хоҳад кард. Нахустин нафти мунтақилшуда тавассути ин лӯла 10 000 тонна нафте буд, ки тавассути як киштӣ ба Ҳонгконг бурда мешавад. Бино ба хабарҳо, Русия алакай дар семоҳаи аввали соли оянда тавассути лӯлаи ҷадид беш аз 3,1 миллион тонна нафти хом содир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG