Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мақоми масъули риштаи варзиши Тоҷикистон гуфтааст, ки гуштигири маъруф Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон низ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Алимуҳаммад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия Плюс” гуфтааст, масъалаи бозгашти Расул Боқиев ба Тоҷикистон ахиран ҳал шудааст. Дар хабар гуфта намешавад, ки Боқиев таҳти чӣ шароите ба Тоҷикистон бар хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки Боқиев ахиран дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия дар навъи гуштии дзюдо қаҳрамони ин кишвар ва барандаи нишони тило шудааст.

Аммо худи ӯ дар моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ширкаташ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ аз тарафи Русия идома хоҳад дод: «Баъди ин пирӯзӣ ман ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шудам ва соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия ва дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат хоҳам кард. Бинбар ин бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба мусобиқоти соли оянда ҳамаҷониба омодагӣ мебинам. Ман фарзанди тоҷик ҳастам ва ҳадафи ман боз ҳам баландтар бардоштани обрӯи тоҷикон аст. Вақте ки аз номи Русия баромад мекунам, маро ҳамчун шаҳрванди Русия муаррифӣ мекунанд, вале маро, аслан, ҳамчун фарзанди тоҷик мешиносанд. Ягона мақсади ман ҳамчун варзишгар қаҳрамони ҷаҳон ва баъдан қаҳрамони олимпӣ шудан аст.»

Расул Боқиев, барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин дар тобистони имсол ба нишони эътироз тарки Тоҷикистон кард ва сабаби иқдоми худро ин гуна шарҳ медод, ки пас аз пирӯзияш дар Пекин эҳтироми ӯ дар Тоҷикистон ба ҷо оварда нашудааст ва ӯро ба дастаи мунтахаби олимпӣ шомил накарда, аз имкони тамрин ва омодагӣ маҳрум аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG