Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзҳои 6 ва 7 январ бо як сафари расмии дурӯза аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, зимни музокироти Аҳмадинажод бо раҳбарони аввали Тоҷикистон ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан имзошуда миёни ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи оқои Назрӣ, ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳоти иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ тамаркуз хоҳанд кард. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон низ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG