Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду сокини Зархоки Исфара аз таркиши мина


Баъд аз зӯҳри ҷумъа, 25 декабр, бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ду сокини рустои Зархоки ноҳияи Исфара ҳалок шуданд. Зану шавҳар Ойбек Иброҳимови 37-сола ва Зарифа Каримоваи 34-сола ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар наздикии рустои марзии Зархок бар асари таркиши мина ҷони худро аз даст доданд. Ду фарзанди ин хонавода – Зарринаи 10-сола ва Ҷаҳонгири 6-сола ятим монд. Аз маҳалли инфиҷор берун овардани ҷанозаи онҳо як рӯз баъд, танҳо дар пайи аз минаҳо пок кардани майдони атроф муяссар шудааст.
Тайи 10 сол минакорӣ шудани марзи Узбакистон бар асари таркиши минаҳо дар ин марз 76 нафар кушта шуда ва 87 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG