Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА, Фаронса ва Италия саркӯб шудани намоиши эътирозии мухолифини Эрон аз сӯи нерӯҳои амниятии ин кишварро шадидан маҳкум карданд. Вошингтон эълом дошт, ки аз намоишгарони осоишта пуштибонӣ мекунад.

Мақомоти Фаронса ба зарурати ҷилавгирӣ аз ҳама гуна хушунат алайҳи намоишгарони осошта таъкид кардаанд. Дар изҳороти ҳукумати Итолиё гуфта шудааст, ки дар ҳама ҳолат набояд ба ҳалокати одамон роҳ дод.

Ахиран мақомоти полиси Эрон таъйид карданд, ки бар асари бархурди ҳомиёни ҳифзи тартибот ва тазоҳургарон панҷ нафар кушта ва беш аз 300 нафар боздошт шудаанд. Ва аммо мухолифин мегӯянд, дар ин ҳаводис дасти кам 9 нафар, аз ҷумла Сайид Алӣ Мусавӣ, бародарзодаи 35-солаи раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ, кушта шудаанд.

Як ёвари Мӯсавӣ, ки хост, номаш махфӣ бимонад, дар гуфтугӯ бо Радиои «Фардо», ҳалокати хоҳарзодаи Мӯсавиро тасдиқ кард. Дар номаи саркушода, ки сомонаи “Калима” нашр кардааст, мушовир Алиризо Биҳиштӣ ба Мӯсавӣ дар робита ба “шаҳодати хоҳарзодааш Алӣ Ҳабибии Мӯсавӣ” изҳори тасаллият кардааст.

Мухолифин мегӯянд, дар ин ҳаводис дасти кам 9 нафар, аз ҷумла бародарзодаи раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ, кушта шудаанд ...
Ноиби сардори полиси Эрон Аҳмадризо Родон ба телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чандин корманди пулис низ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, нерӯҳои амниятӣ ва пулис алайҳи ҳазорон нафар эътирозгарон аз гази ашковар ва чӯбдастҳо истифода кардаанд. Дирӯз дар Эрон рӯзи аслии Ошӯро ва ё ёдбуди Имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом Муҳаммад, буд.

Сомонаи интернетии мухолифон бо номи “Ҷарас” навиштааст, кидар даргириҳои Табриз низ дастикам 4 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Мунаққидони ҳукумати Эрон гуфтаанд, ба тазоҳуроти худ идома хоҳанд дод.

Порчаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube даргириҳои хиёбонии байни полиси зиддиошӯби Эрон ва тазоҳуркунандагонро дар рӯзи 27-уми декабр ба тасвир гирифтаанд.






Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG